Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту иловаҳоро ба Кодекси кишвар “Дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ”, ки дар онҳо барои воридоти маҳсулоти хӯрокворӣ ва доурувории пастсифату муҳлати истифодааш гузашта муҷозот пешбинӣ шудааст, ҷиҳати баррасӣ ба палатаи поёнии парлумон фиристод.
Мувофиқи лоиҳаи пешниҳодшуда, барои воридоти маҳсулот ва доувории тиббии пастсифат ба кишвар шахсони мансабдор ба маблағи аз 7,5 то 10 ҳазор сомонӣ ҷарима мешаванд.
Ҳаҷми ҷарима барои содир шудани чунин амал аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ аз 25 ҳазор то 35 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳурӣ.
Ғайр аз ин, агар чунин амал такроран содир шавад, пас ҳаҷми ҷарима барои шахсони мансабдор – аз 25 то 50 ҳазор сомонӣ ва барои шахсони ҳуқуқӣ – аз 35 ҳазор то 50 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидааст.
Дар ҳарду ҳолат маҳсулоти пастсифат ё муҳлати истифодааш гузаштаи ошкоршуда мусодира ва нобуд карда мешавад.
Айни замон барои воридоти маҳсулот ва дорувории пастсифат танҳо мусодираи он сурат гирифта, ҷазо муқаррар нашудааст.
Қобили зикр аст, ки охири моҳи ноябри соли гузашта президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ҳукумат аз сатҳи сифати маҳсулоти хӯроквории воридотӣ, аз ҷумла гӯшти мурғ нигаронӣ изҳор намуд.
«Кӣ ба марги кӯдаки аз ҳасиби истеҳсоли маҳаллӣ заҳролудшуда ҷавоб мегӯяд? Мувофиқи натиҷаи санҷишҳо, сабабаш он аст, ки 90 фоизи маҳсулоти гӯштӣ ба қоидаҳои санитарӣ ва меъёрҳои қабулшуда ҷавобгӯ нестанд», - изҳор дошт Президент зимни ироаи Паёми ҳамасола ба парлумони кишвар.
Он замон бо ин сабаб бинобар беэътиноӣ зоҳир кардан ба вазифаҳои ишғолкарда ва беназоратӣ нисбат ба воридоти маҳсулоти пастсифати хӯрока, директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди ҳукумати ҶТ Ибодулло Қурбониён, Хадамоти назорати байтории Вазорати кишоварзии ҶТ Шералӣ Вазиров ва Хадамоти назорати давлатии санитариву эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Холмуҳаммад Каримзода аз вазифа озод карда шуданд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.






ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста