Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт собиқ муовини директор-сардори идораи муҳосиботи Департаменти пардохти нафақа ва кортҳои бонкии Раёсати БДА «Амонатбонк» Салоҳидин Зоирзодаро ба 14 соли зиндон маҳкум кард.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти Прокураураи генералии Тоҷикистон, зимни кор дар ин мансаб аз 20 январи соли 2015 то 18 майи соли 2018 Салоҳиддин Зоирзода бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо наздики 580 ҳазор сомониро азхуд кардааст.
“Баъди барканор шудан аз ин мансаб, Зоирзода ғайриқонунӣ ба бонк ворид шуда, ин дафъа низ бо сохтакории ҳуҷҷатҳо боз беш аз 341 ҳазор сомонӣ маблағро азхуд мекунад. Сипас ӯ бори дигар низ кӯшиш мекунад, ки ҳудуди 320 ҳазор сомонӣ маблағро азхуд намояд, вале ин кор барояш муяссар намегардад”, - қайд мешавад дар маълумот.
Гуфта мешавад, 14 соли муҳлати ҷазор корманди бонк дар зиндони низомаш шадид адо мекунад. Аз ҳисоби Зоирзода ба фоидаи «Амонатбонк» беш аз 920 ҳазор сомонӣ маблағ рӯёнида шудааст.
Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.
Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста