Ҳайати мушовара (коллегия) оид ба баррасии парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе сокини 39-солаи ноҳияи Фархор Баҳриддин Шарофидиновро бо айбдорӣ дар омодагӣ ба содир намудани таркишҳо назди пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ба 30 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.
Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз суди шаҳри Душанбе хабар дод, Шарофиддинов қаблан барои даъватҳои террористӣ ва ифротгароёна солҳои 2004 ва 2007 дар Русия ба муҳлатҳои гуногуни зиндон маҳкум шудааст.
Дар ҷараёни мурофиаи судӣ муайян карда шуд, ки Шарофиддинов ҳангоми адои ҷазо дар яке аз зиндонҳои шаҳри Перм тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо намояндагони созмони террористии “Давлати исломӣ” (фаъолияташ дар Тоҷикистон манъ аст) робита барқарор мекунад.
“Он замон ӯ тариқи интернет ба ғояҳои Давлати исломӣ савганд ёд карда, сипас моҳи августи соли 2017 озод шуда, ба Тоҷикистон бармегардад. Ба ҳаммаслакони худ аз Давлати исломӣ хабар медиҳад, ки ният дорад дар бинои ШВКД ноҳияи Фархор, ҳукумати маҳаллӣ ва ҳамчунин ҷойҳои сериздиҳоми мардум дар ин ноҳия тарикшҳо ба амал орад”, - хабар доданд дар суд.
Ба иттилои манбаъ, ӯ тавассути интернет чӣ гуна тайёр кардани дастгоҳҳои таркандаро омӯхта, аз таркиш дар хонааш аз якчанд ангуштонаш маҳрум мешавад.
“Моҳи феврали соли 2018 ӯ дар хонаи худ ду парчами Давлати исломиро тайёр карда, яктои онро дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Фархор овезон мекунад. Ба воситаи шабакаҳи иҷтимоӣ ӯ ба ҳаммаслакони худ хабар медиҳад, ки барои содир намудани таркишҳо дар маркази Душанбе ва назди пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон дастгоҳҳои тарканда омода намуда, дастури онҳоро интизор аст”, - гуфт манбаъ.
Лекин нақшаҳои тарҳрезишудаи ӯ амалиношуда боқӣ монданд: моҳи сентябри соли гузашта Баҳриддин Шарофиддинов аз ҷониби кормандони Шуъбаи мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД Тоҷикистон дар Фархор боздошт шуд. Зимни кофтукови манзили ӯ дастгоҳу таҷҳизот ва маводи тарканда дарёфт шуд.
Дар мурофиаи судӣ ӯ аз амалҳои тарҳрезинамудааш пушаймонӣ изҳор накарда, зикр намуд, ки ба савганди додааш ба “Давлати исломӣ” содиқ мемонад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.






ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста