Суди ҳарбии гарнизони Душанбе сокини шаҳри Душанбе Шарифбек Зулфиқоровро, ки 27 октябри соли гузашта ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон даъват шуда буд, ба ду соли зиндон маҳкум кард.
Замони даъват комиссияи ҳарбии тиббӣ вазъи солимии ӯро коршоям барои хизмат эътироф намуда, лекин пас аз гузаштан аз комиссияи тиббӣ, Зулфиқоров қотеъона хизматро дар сафи артиши миллӣ рад кардааст.
“Бо вуҷуди ин, ӯ ба яке аз қисмҳои низомӣ дар пойтахт ба хизмат фиристода шуда, вале баъди омадан ба ҷойи хизмат, изҳор менамояд, ки агар ӯро аз хизмати ҳарбӣ озод накунанд, даст ба худкушӣ мезанад ва аз иҷрои қарзи ҳарбӣ қотеъона саркашӣ мекунад”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз суди ҳарбии гарнизони Душанбе.
Дар идома нисбати ӯ мутобиқи моддаи 376 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Саркашӣ аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ бо роҳи узвмаибкунӣ ё усули дигар) парвандаи ҷиноятӣ боз мешавад.
Бо қарори суд ӯ ба муҳлати ду сол аз озодӣ маҳрум шуда, муҳлати ҷазоро дар зиндони низомаш умумӣ адо мекунад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.