Тибқи иттлои дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ, давоми ҳафтаи сипаришуда, дар ҳудуди шаҳри Душанбе 4343 адад қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбат ба ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маводҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Гуфта мешавад, ки ҷиҳати таъмини амният ва бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, пешгирии вазъи садаманокӣ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе, ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркашон, пешгирӣ ва ошкору муайян намудани ҳолатҳои вайроннамоии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ пайваста аз ҷониби кормандони Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе рейду амалиёт ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ронандагони воситаҳои нақлиёт доир карда мешавад.
Дар натиҷаи баргузории чунин амалиётҳои пешгирикунанда ҳамарӯза аз ҷониби кормандони ин ниҳод қоидавайронкуниҳои зиёде дар роҳҳои пойтахт ба қайд гирифта шуда, нисбат ба ронандагон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, ки ба қонуншиканӣ роҳ додаанд, чораҳои қонунӣ андешида мешавад. Ҳаминтавр дар натиҷаи амалинамоии маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднок маводҳои маъмурӣ нисбат ба ронадагон тартиб дода шудааст. Аз ҷумла:
- Идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ – 1 адад;
- Бе рақами қайди давлатӣ – 12 адад;
- Баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт аз меъёри муқарраршуда – 134 адад;
- Истифода бурдани телефони мобилӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт – 147 адад;
- Итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо – 30 адад;
- Итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия оид ба манъ кардани воситаи нақлиёт 16 адад;
- Вайрон намудани қоидаҳои сабқат, манёвркунӣ – 9 адад;
- Худсарона баромадан аз хати сайр – 67 адад;
- Нагузаронидани воситаи нақлиёт аз муоинаи техникӣ –114 адад;
- Вазъияти хавфнок – 11 адад;
- Аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон – 259 адад;
- Риоя накардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби пиёдагардон – 875 адад;
- Ба ҷаримагоҳ дастрас карда шуд – 30 адад;
- Дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо – 1798 адад.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста