Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон номгӯи ҷиноятҳои марбут ба хариду фурӯши одамон тасдиқ шуд. Қарор аз 2 июли соли равон қабул шудааст.
Дар ин санад ба Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дастур дода мешавад, ки бақайдгирии ягонаи ҷиноятҳои вобаста ба хариду фурӯши одамонро мутобиқи ҳамин номгӯй ба роҳ монад.
Зикр мегардад, ки номгӯй мувофиқи моддаи 6 қонуни ҶТ “«Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва кумак ба қурбониёни савдои одамон»” тартиб дода шудааст.
Номгӯи ҷиноятҳои марбут ба хариду фурӯши одамон
Ба ҷиноятҳои марбут ба савдои одамон амалҳои ғайриқонуние дар назар дошта шудааст, ки дар моддаҳои зерини Кодекси ҷиноятии ҶТ пешбинӣ мешавад:
- одамрабоӣ (бандҳои "б" ва "в", қисми 3, моддаи 130);
- хариду фурӯши одамон (моддаи 130(1);
- ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ (банди "б", қисми 3, моддаи 131);
- хариду фурӯши ноболиғон (моддаи 167);
- истифодаи ноболиғ бо мақсади тайёр кардани мавод ё ё предметҳои порнографӣ (моддаи 241(2);
- Ғайриқонунӣ гузаштан аз Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми 3, моддаи 335);
- ташкили воридшавии ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ташкили гузариши транзитии ғайриқонунӣ ба воситаи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми 3, моддаит 335(1);
- Ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ (моддаи 335(2);
- Тасарруф ё вайрон кардани ҳуҷҷат, штамп, муҳр (қисми 3, моддаи 339);
- Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ (қисми 3, моддаи 340).
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста