Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон имрӯз ба журналистон хабар дод, ки 14 маҳбусе, ки зимни интиқол аз Хуҷанду Истаравшан ба Душанбе ҳалок шуданд, бешубҳа заҳролуд шуда буданд.
Лекин, ба гуфтаи ӯ, ба коршиносон ҳоло муяссар нашудааст, аз чӣ - нон ё чизи дигар заҳролуд шудани онҳоро ошкор намоянд.
“Бо масъулият изҳор мекунам, ки ҳеҷ кадоме аз маҳбусон аз лату кӯб ҳалок нашудааст, дар онҳо осори захму ҷароҳат ва зӯроварӣ вуҷуд надошт”, - гуфт прокурори генералӣ.
Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки қаблан дар зиндонҳои шаҳрҳои Кӯлобу Хоруғ низ далелҳои заҳролудшаии маҳбусон аз хӯрок ба қайд гирифта шудааст, “лекин дар ин ҳодисаҳо касе ба ҳалокат нарасида буд”.
Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон, санаи 7 июл 128 нафар маҳбусон, ки 8 нафарашон занонанд, дар се автомашинаи махсус аз Хуҷанду Истаравшан ба муассисаҳои ислоҳии шаҳрҳои Душанбеву Норак ва ноҳияи Ёвон интиқол дода шуданд.
Дар мавзеи Майхўраи ноҳияи Варзоб яке аз маҳбусон 3 адад ноне (хлеб), ки бо худ ҳамчун дастовези муқаррарӣ доштааст, тибқи маъмул ба 16 нафар маҳбус тақсим кардааст. Дар натиҷа пас аз истеъмоли он 16 нафар маҳбусон заҳролуд шуда, 14 нафарашон фавтиданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста