Додгоҳи вилоятии шаҳри Маскав бо як қарори худ мӯҳлати нигоҳдории Александр Сёмин, қотили Ҳувайдо, тифли 5 солаи тоҷикро то феврали соли 2020 тамдид кард.
Дар ин бора Бахтовар Ҷумаев, тарҷумони падари Ҳувайдо дар мурофиаҳои судӣ дар саҳифаи Фейсбуки худ хабар дод. Бахтовар Ҷумаев дар сӯҳбат бо хабарнигори мо ин иттилоро шарҳ дода гуфт, ки қарори додгоҳи вилоятии шаҳри Маскав шоми дирӯз дар мурофиаи навбатӣ, ки тақрибан чор соат идома кард, ироа гардид.
Ҳувайдо Тиллозода, зодаи шаҳри Кӯлоб, рӯзи 22-юми июли соли 2018 дар назди хонаашон аз майдончаи бозӣ дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва рӯзи дигар ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ дар назди роҳи оҳан пайдо карданд. Дар ин ҳодиса Александр Сёмин муттаҳам шуд, ки дар ҳамсоягии онҳо мезист.
Муҳокимаи нахустини парвандаи қатли Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 23-юми август дар Додгоҳи вилояти Маскав бо дархости пайвандони Сёмин паси дарҳои баста танҳо бо иштироки падари Ҳувайдо ва вакили мудофеаш Дагир Ҳасавов баргузор гардида буд.
Пайвандони муттаҳам даъво бурданд, ки Абдусалом Саидов, сокини шаҳри Кӯлоб, гӯё падари биологии Ҳувайдо нест ва ҳаққи даъво аз номи ӯро надорад. Худи Абдусалом Саидов мегӯяд, падари биологии Ҳувайдо аст ва дар ин бора санад дорад.
Дар ҳамин ҳол ҳомиёни ҳуқуқи тоҷик аз қарори навбатии додгоҳ изҳори нигаронӣ намуда гуфтанд, ки пайвандон ва вакилони мудофеи ҷавобгар мехоҳанд раванди баррасии парвандаро дароз ва ҳамин тариқ Сёминро аз ҷавобгарӣ гурезонанд.
“Агар нафароне, ки ваъдаи назорат аз болои ин қазиро дода буданд беэътиноӣ зоҳир кунанд, парванда ба нафъи қотил анҷом меёбад - изҳори нигарони кард Бахтовар Ҷумаев. -
Даъвои пешовардаи пайвандон ва вакилони дифои муттаҳам оиди бемории руҳӣ будани Сёмин бисёр шакковар аст. Зеро Сёмин ҳуҷҷати ронандагӣ дошт ва тибқи қонунҳои Русия ба нафари бемори рӯҳӣ дошта чунин ҳуҷҷат намедиҳанд. Аз равиши кори вакилон ва пайвандони муттаҳам хулоса кардан мумкин аст, ки онҳо мехоҳанд муҳлати нигоҳдори уро тамдид ва дар марҳалаҳои баъди бо далели “беморӣ” аз ҷавобгари озод кунанд“
Қаблан вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба вазорати умури дохилии Русия барқия ирсол карда, таҳти назорати қатъӣ гирифтани рафти тафтиши парвандаи ҷиноятӣ, сари вақт ошкор кардани ҷиноят ва ба ҷавобгарӣ кашидани ҷинояткорро тақозо карда буд.
Баррасии парвандаи қатли Ҳувайдо, тоҷикдухтари панҷсола аз ҷониби додгоҳи вилоятии шаҳри Маскав идома дорад ва фардо ҷузъиёти бештар аз рафти мурофиа нашр хоҳад ҳуд.
Оставайтесь с нами в Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK и Google Новостях.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста