Ду мутахассиси шуъбаи байниноҳиявии ташхиси тиббию судии Турсунзода ба гумони талаби маблағи зиёд аз шахсони зери тафтиш қарордошта боздошт шуданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар медиҳад.
“Шаҳрванд “А” ба шуъбаи минтақавии Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор бо ариза муроҷиат кард, ки нисбат ба ташхисгарон Назирҷон Убайдов ва Фирӯз Ҳамроев чораҳои қонунӣ андешида шавад. Номбурдагон аз ӯ барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардани писари додараш – шаҳрванд “Б”, ки дар содир кардани ҷиноят мутобиқи моддаи 139 қисми 4 КҶ ҶТ (Ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ) гумонбар аст, 10 ҳазор доллар маблағ талаб кардаанд”, - қайд мешавад дар сомонаи Агентӣ.
Гуфта мешавад, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Назирҷон Убайдов баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани 7000 доллари ИМА дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд.
Нисбат ба Убайдов ва Ҳамроев мутобиқи моддаи 247 қисми 4 КҶ ҶТ (Қаллобӣ ба миқдори калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, аз рӯйи ин модда ҷазои то 12 сол маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ мешавад.
Ёдрас мекунем, ки соли 2017 дар шаҳри Турсунзода ташхсигари тиббию судӣ Мирзомудин Мирзораҳимов шартан ду сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Ӯ дар бораи сабабҳои марги духтар хулосаи носаҳеҳ дода, ишора карда буд, ки ӯ ба худкушӣ даст задааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста