Суди олии Тоҷикистон ба раисони судҳо дастур дод, ки ҷараёни авфро зери назорати махсус гиранд.
Тавре хадамоти матбуоти Судии оли ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ин ва дигар масъалаҳо рӯзи 19-уми октябр дар ҷаласаи васеъ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти мақомоти судӣ дар нуҳ моҳи соли 2019 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
“Зимни натиҷагирӣ аз фаъолият раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён фаъолияти мақомоти судиро дар давоми нуҳ моҳи соли 2019 баррасӣ кард”, - хабар медиҳад дафтари матбуоти Суди олӣ.
Ҳамчунин қайд гардид, ки дар лоиҳаи Қонуни мазкур аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо озод намудани шахсоне, ки парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ё судҳо қарор доранд ё дар асоси ҳукми судҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо карда истодаанд, пешбинӣ шудааст.
Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон 16-уми октябр лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи авф»-ро барои баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ пешниҳод кард, ки баъд аз қабул ва мавриди амал қарор гирифтан, он нисбат ба зиёда аз 20 ҳазор нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон татбиқ мегардад.
Дар маҷлиси корӣ ба раисони судҳо супориш дода шуд, ки баъд аз қабул ва мавриди амал қарор гирифтани Қонуни ҶТ «Дар бораи авф» татбиқи онро таҳти назорати қатъӣ қарор дода, риояи ҳатмии талаботи онро ба роҳ монанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.






ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста