Кормандони милитсия 2 нафарро дар ноҳияи Айнӣ ба гумони дуздии чорвои мардум дастгир намуданд. Гумонбарон молҳоро тавассути мошини тамғаи “Nexia” аз оғилҳои мардум тасарруф мекарданд.
Дар ин бора маркази матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд тавассути барномаи телевизионии “Милитсия хабар медиҳад” иттилоъ додааст.
Кормандони милитсияи ноҳияи Айнӣ пас аз се моҳи шикояти мардум оид ба гум шудани чорвоҳояшон 2 нафар гумонбарон – Маъруф Ҳусейнов, сокини деҳаи Рукнобод ва Тоҷидин Шеров, истиқоматкунандаи деҳаи Мазори Шарифро ба гумони дуздӣ дастгир карданд.
Онҳо бо истифода аз сабукрави тамғаи “Nexia” чорвои мардумро аз оғилҳои канори роҳ мерабудаанд. Гумонбарон даҳ сар моли майда ва панҷ сар чорвои калони шохдори аҳолии деҳаҳои Хушекат, Искодар ва Анзоби ноҳияи Айниро бо арзиши эҳтимолии 25 ҳазору 500 сомонӣ рабудаанд.
Молҳои дуздиро онҳо тавассути мошин ба шаҳри Панҷакент интиқол дода, дар бозорҳои шаҳру деҳот мефурӯхтанд ё дар хонаи истиқоматии гумонбаршуда Шокиров, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ чорворо забҳ карда, гӯштро ба қассобхонаҳо месупориданд.
Инчунин гумонбарон дар моҳи ноябри соли гузашта, дар ноҳияи Шаҳристон 6 сар гов ва 4 сар моли майдаи шохдорро рабудаанд, ки арзиши онҳо беш аз 14 ҳазор сомонӣ мебошад.
Айни ҳол 9 ҳолати дуздиро тафтишот ба гумонбарон нисбат медиҳад, ки 25 чорво рабуда шудааст. Қисме аз онҳоро дарёфта, ба соҳибонашон баргардониданд.
Сокинон ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ изҳори сипос карда, гуфтаанд, чорводорӣ ягона шуғле мебошад, ки аз рӯйи он рӯзгори худро пеш мебаранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста