Суди шаҳри Хуҷанд Фирдавс Иномзодаро, ки бо лату кӯби доимии фарзандонаш ва ба ин васила аз ҳамсари дар муҳоҷират қарордоштааш ҷудо шуданӣ буд, ба 2 соли зиндон маҳкум кард.
Бино ба иттилои маркази матбуоти суди шаҳри Хуҷанд, Фирдавс Иномзодаи 34-сола дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 174 КҶ ҶТ (Иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба тарбияи ноболиғ) гунаҳкор дониста шуда, ба 2 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум шуд.
Охири моҳи майи соли равон маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки нисбати Фирдавс Иномзода мутобиқи моддаи 117 КҶ ҶТ(Азобу уқубат) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ба ӯ ҷазои 7 соли зиндон таҳдид мекунад.
Он замон зикр гардида буд, ки зимни бозпурсии аввал ӯ изҳор доштааст, ки фарзандонро барои тезонидани аз модарашон ҷудо шудан лату кӯб мекардааст. Модарашон дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дошта, ба номи ҳамсараш барои баровардани эҳтиёҷоти фарзандонаш доимо пул мефиристодааст.

Мавриди зикр аст, ки Фирдавс Иномзода соли 2017 ба иттиҳоми ба муомилот баровардани пулҳои қаблакӣ маҳкум шуда буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста