Дар Душанбе фаъолияти шабакаи қаллобие ошкор шуд, ки ба дуздии пули барои истифодаи барқ пардохтшуда машғул буданд.
Тавре дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар як гузориши махсуси видеоӣ хабар медиҳад, ба ин гурӯҳ беш аз 20 нафар шомил будаанд.
Ин гурӯҳро кафшергари силкии Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон Маҳмадӣ Азизов ташкил карда, дар компютери хонагии худ барномаи махсуси хакерӣ (рахнакунӣ)-ро насб мекунад ва тариқи он дар ҳисобкунакҳои сокинони шаҳри Душанбе нишондиҳандаҳои истифода барқро кам мекардааст.
Гуфта мешавад, ба ин кор ӯ кафшергари дигари Хадамоти алоқа Тоҷиддин Собировро, ки нақши миёнаравро ба уҳда гирифта буд, инчунин нозирони шабакаҳои барқи пойтахтро ҷалб мекунад. Онҳо ба мизоҷон - истеъмолгарони барқ маслиҳат карда, ба ивази пул ҳисобкунакҳои барқии худро тариқи Собиров ба Азизов медоданд ва ӯ нишондиҳандаҳои онҳоро паст мекард. Ин пулҳои дуздидаро қаллобон байни худ тақсим мекарданд.
Тибқи фарзияи тафтишот, онҳо аз моҳи декабри соли 2017 то моҳи августи соли 2020 ба Собиров ва Азизов барои паст кардани нишондиҳанаҳои истифодаи барқ зиёда аз 130 адад ҳисобкунакҳои барқӣ додаанд.
Айни замон Маҳмадӣ Азизов ва Тоҷиддин Собиров дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, ҷиҳати муайян намудани зарари ба буҷети давлат расонидашуда ва нафарони дигари дар содир намудани ин ҷиноят дастдошта, чорабиниҳои дахлдори оперативӣ-тафтишотӣ ҷараён дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста