Шаш нафар маҳбусоне, ки аз зиндони низомаш шадиди Доғистон, гурехта буданд, дастгир шуданд, хабар медиҳад РИА Новости.

“Ҳамаи 6 ҷинояткори хавфноки қаблан мавриди ҷустуҷӯ қарордошта... аз ҷониби кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноятӣ боздошт шуданд”, - иттилоъ додаанд дар ВКД Доғистон. Тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, маҳбусони фирорӣ дар ҳудуди ноҳияи Улан-хол дар Қалмиқистон дастгир шудаанд.

Бино ба маълумоти Telegram-шабакаи Life Shot, маҳбусони фирорӣ рӯзи 28 сентябр дар мавзеи 300 километр дуртар аз зиндон аз худ дарак додаанд.

“Дар истгоҳи Артезиан (ҳудуди 20 км аз соҳили баҳри Каспий) онҳо ба яке аз хонаҳо даромада, аз сокини маҳаллӣ хӯрокворӣ гирифтаанд. Дуртар аз ин хона пойафзоли яке аз маҳбусон дарёфт шуда, дар зиндон тасдиқ кардаанд, ки ин пойафзол маҳз ба маҳбуси ҳамин муассиса тааллуқ дорад”, - қайд мекунад Telegram-шабака.

Гуфта мешавад, ба сурати умум маҳбусон наздики 340 километр масофаро тай кардаанд. Сокинони маҳаллӣ 6 мардро мебинанд, ки бо либоси рангаш хокистариву сабз қад-қади роҳи оҳан равонаанд. Онҳо ба мақомоти пулис занг зада, онҳо маҳбусонро дастгир мекунанд.

Қобили зикр аст, кирӯзи 23 сентябр Раёсати тафтишотии Кумитаи тафтишотии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Доғистон дар ҷараёни тафтишоти парвандаи ҷиноӣ, муайян кард, ки хеши яке аз маҳкумшудагоне, ки аз маҳбас гурехтаанд, ба онҳо дар фирор ёрӣ расонидааст. Нисбат ба ин мард бо  моддаи 33, қисми 2 ва моддаи 313 КҶ ФР (кӯмак ба гурехтан аз маҳбас) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Ёдрас мешавем, ки шаби 23 сентябр 6 нафар маҳбусон ба воситаи нақби кандаашон аз зиндони шаҳраки Шамхал воқеъ дар канори Махачқалъаи Доғистон фирор карданд. Миёни фирориён ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам ҳастанд, иттилоъ дода буд хабаргузории ТАСС.


Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.