Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сару садоҳои бархоста дар бораи иваз шудани шиносномаҳоро дар соли 2021 беасос хонд. Зумрад Абдуллозода, муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" гуфт, ки ин сару садоҳо асос надоранд.
Зумрад Абдуллозода рӯзи 15-уми декабр ба "Азия-Плюс" гуфт, ки ин сару садоҳо воқеӣ нестанд.
"Ин гуна ният нест. Дар мо ҳоло танҳо иваз кардани шиносномаҳои шаҳрвандии намунаи соли 1996 ба шиносномаи шаҳрвандии намунаи соли 2014 (IC-корти идентификатсионӣ) рафта истодаасту халос",-мегӯяд ин масъули Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД.
Сару садоҳои иваз шудани шиноснома чанд вақти ахир аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс мешавад. Аз ҷумла яке аз хонандаҳои "Азия-Плюс" бо мо тамос гирифтаву гуфт, ки "гуфта мешавад дар Тоҷикистон соли 2021 шиносномаҳо иваз мешаванд ва шиносномаи шаҳрвандиву шиносномаи хориҷӣ яке мешаванд".
Ин хонанда ҳамчунин гуфт, ки яке аз наздиконашон дар яке аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон кор мекунад ва ин нуктаро ӯ гуфтааст.
Дар Тоҷикистон баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ се бор шиносномаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва ду бор шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ тағйир ёфтааст.
Аз соли 2014 ба ин сӯ намунаи нави шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё IC-корти идентификатсионӣ ҷорӣ шуд, ки тибқи иттилои ВКД то моҳи сентябри имсол 3 млн. 512 ҳазору 718 нафар онро гирифтаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Мексиканский залив официально переименован в Американский
НАНСМИТ обратилась в Верховный суд и Генпрокуратуру с просьбой пересмотреть дело Ахмада Иброхима
Душанбе 1930-х: Санитарная авиация, первый ток и открытие «Комсомольского озера»
От боевиков до политиков и боли простого народа: О чем писала «Азия-Плюс» за 25 лет
В этом году два клуба из Таджикистана в последний раз выступят в ЛЧА
В Кыргызстане впервые зарегистрировали государственную криптобиржу
СМИ: Госдеп США приостановил программы помощи другим странам. Кроме Израиля и Египта
Юрист, инженер и депутат: кто она – новый министр труда Таджикистана?
Стали известны позиции шахматистов Таджикистана в мировом списке ФИДЕ
Гендерные стереотипы, которые мешают женщинам в Таджикистане быть успешными
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста