Интизор меравад, ки аз моҳи март миёни Душанбеву Тошканд парвозҳои мустақими ҳавоӣ сурат бигирад. Дар ин бора ба хабаргузории «Ховар» мудири Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода хабар додааст.
Ӯ гуфтааст, ки дар ин маврид миёни ниҳодҳои ҳавонаврадии Тоҷикистону Ӯзбекистон гуфтушунид идома дорад.
«…то ба эътидол омадани вазъияти эпидемикӣ интизор меравад, ки шуруъ аз моҳи март байни Душанбе ва Тошканд парвозҳои мунтазами ҳавопаймоҳо ба роҳ монда шаванд».
Дар ҳамин ҳол, имрӯз баъд аз чандин моҳи таваққуф дар масири Тошканд-Душанбе-Тошканд нахустин парвози чартерӣ анҷом дода шуд. Парвози махсус аз сӯйи ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон — «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» /Uzbekistan Airways/ сурат гирифт.
Ёдрас мешавем, ки Ӯзбакистон сарҳадҳояшро аз 16 март, пас аз он ки дар ҷумҳурӣ аввалин ҳолати сирояти коронавирус сабт шуд, комилан баст. Баъдтар хабар дода шуд, ки хадамоти байналмилалии ҳавоӣ, автомобилӣ ва роҳи оҳан то охири апрел қатъ карда шуданд ва ҳамин тур то кунун парвозҳо миёни Тошканду Душанбе анҷом дода намешаванд.
Ӯзбекистон аз моҳи октябр ба ин сӯ марзҳояшро барои бархе аз кишварҳо кушодааст, вале дар ин миён марзҳояш бо Тоҷикистон ҳанӯз бастаанд.
Ҳоло аз Тоҷикистон парвозҳои мустақим танҳо дар масирҳои Душанбе-Истанбул ва Душанбе-Дубай аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр», «Turkish Airlines» ва «FlyDubai» сурат мегиранду халос. Ба шаҳрҳои гуногуни Русия аз Душанбе ва Хуҷанд парвозҳои чартерӣ анҷом дода мешавад, ки шартҳои махсусе барои парвоз доранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста