Додситон ё айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиаи додгоҳии рӯзи 27-уми январ дар Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ барои Маҳмурод Одинаев, муовини боздоштшудаи раиси ҲСДТ ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, 15 сол зиндон талаб кардааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ бо такя ба пайвандони Одинев хабар додааст.
Ин манбаъ гуфтааст, ки ба Одинаев вобаста ба моддаи “авбошӣ” 6 солу вобаста ба моддаи “даъвати оммавӣ ба ифротгароӣ” 9 сол хостааст.
Наздикони Одинаев пештар ба Озодӣ гуфта буданд, ки ӯ дар мурофиаи аввали додгоҳӣ, ки рӯзи 25-уми январ сурат гирифтааст, ҳарду иттиҳомро беасос номидааст.
Ҳабибулло Ризоев, писари Маҳмурод Одинаев, ки ҳамзамон бо падараш муҳокима мешавад, гуфтааст, айбдоркунандаи давлатӣ нисбат ба ӯ 4 соли зиндон пурсидааст. Мақомот ӯро ба авбошӣ муттаҳам медонанд, аммо худаш гуфт, айбномаро инкор кардааст.
Як намояндаи Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ бо шарти зикр накардани номаш рӯзи 27-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, мурофиаи Маҳмурод Одинаев ва писараш ду рӯз пеш шуруъ шуда, "ба таври боз идома дорад". Ӯ гуфт, "дар толори мурофиа пайвандон ва чаҳор шоҳид ҳузур доштанд".
Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, мегӯяд, дар мурофиаи рӯзи чаҳоршанбе иштирок дошт ва дар он вакили мудофеъ пешниҳод кардааст, ки парванда ба тафтишоти иловагӣ пешниҳод карда шавад. Вай аз он нигарон аст, ки "парвандаро хеле саросемавор ба баррасӣ гирифтаанд" ва, мумкин аст, ҳукми муовини боздоштшудааш ба зудӣ эълон гардад.
Одинаевро рӯзи 5-уми декабри соли гузашта дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастгир карданд. Намояндагони Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтанд, ба зидди ӯ 20-уми ноябр бо гумони "авбошӣ" парванда кушода буданд ва бо сабаби он ки ба бозпурсӣ ҳозир нашуд, маҷбурӣ боздошт карданд.
Мақомот ӯро ба он муттаҳам карданд, ки рӯзи 29-уми октябри соли 2020 бо ҳамсари собиқаш Меҳрнигор Ризоева ва писараш Ҳабибулло Одинаев дар комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор "тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карда, нисбат ба намояндагони ҳокимияти давлатӣ таҳдид, зӯроварӣ ва суханҳои қабеҳро раво дидааст".
Маҳмурод Одинаев он замон иддао дошт, ки баръакс кормандони комиссариати ҳарбӣ писараш Ҳоҷиакбр Одинаевро, ки биноиаш суст аст, зӯран ба артиш ҷалб кардаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста