Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ду ҷавонро барои лату кӯби се хоҳар дар назди фарзандони ноболиғашон дар пойтахт боздошт ва алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Бино ба иттилои Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ин ду ҷавон, замоне он се хоҳар ҳамроҳ бо фарзандонашон дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ ба сайругашт машғул будаанд, “гаппартоӣ карда, бо алфози қабеҳ дашном ва ҳамзамон мавриди латукӯб қарор додаанд, ки дар натиҷа яке аз ҷавонзанон ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст”.
Ин ҳодиса, 14-уми майи имсол, шабона, тақрибан соати 20.30 дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии Душанбе, наздик ба макони зисти се хоҳар рух додааст.
РВКД дар Душанбе бо нашри матлабе дар торнамояш овардааст, ки ин ду ҷавон алайҳи се хоҳар “гаппартоӣ ва суханони қабеҳ гуфта, онҳоро мавриди озор қарор доданд. Ҳамзамон дастгиршуда Ҳусейн Ғаниев бо ин қаноат накарда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, ҷавондухтарони муроҷиаткунандаро бо мушту лагад зери латукӯби қарор додааст”.
Пулис мегӯяд, ки ин занҳо лату кӯб ба РВКД дар Душанбе шикоят бурда, наворе аз ҳодисаро низ пешниҳод кардаанд.
Ҳоло пулис Ҳусейн Ғаниеви 24-сола ва Алиҷон Қурбонови 25 – сола, ҳар ду сокини Душанберо бо гумони даст доштан дар ин кор боздошт кардааст. Алайҳи ҳар ду бар асоси моддаи 237 (авбошӣ) қисми 2 банди «б»-и КҶ ҶТ тафтишоти ҷиноӣ бурда мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста