Раёсати корҳои дохили шаҳри Душанбе мегӯяд, ки бар пайи як рейд дар шабонарӯзи гузашта 48 ноболиғеро, ки ба "бозиҳои зараровари компютерӣ ва беҳудагардӣ дар вақти шабона машғул буданд", пайдо ва ба шуъбаҳои милиса овардааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти РВКД Душанбе, аз ин 48 нафар, 19-нафар барои оворагардӣ, 14-нафар барои машғул шудан ба бозиҳои зараровари комютерӣ ва боқимонда 15 нафар барои содир кардани кирдорҳои дигари зиддиҳуқуқӣ ба шуъбаҳои корҳои дохилӣ оварда шудаанд.
"Дар натиҷа волидайни онҳо ба мақомоти милитсия даъват карда шуда, нисбати онҳо тибқи талаботи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуд",-хабар медиҳад РВКД Душанбе.
Дар ин рейдҳо, маъмури яке аз интернет-кафеҳо Ибрагимов Муҳаммад, деҳаи Даҳанаи шаҳри Ваҳдат, ки қаблан ҳам барои роҳ додани ноболиғон ба нуқтаи бозиҳои компютерӣ алайҳаш маводи маъмурӣ тартиб дода шуда будааст, барои барқасдона амал намудан ва хилофи талаботи қонунгузорӣ бо мақсади ба даст овардани маблағ ноболиғонро иҷозаи воридшавӣ ба маракази компютерии худ додаст, 5 шабонарӯз ҳабс карда шудааст.
Ҳамчунин дар ин рейдҳо ду соҳибмулки марказҳои компютерӣ, Шарипов Рамазон ва Сафаров Беҳрӯз бо қарори додгоҳ ҷаримабандӣ шудаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Почему Россия запретила ввозить скот, домашних собак, кошек и даже корм из Таджикистана?
«Коинот Авто» открыл второй 4S BYD e-Mobility Center в Таджикистане
В небе над Вашингтоном столкнулись пассажирский самолет и военный вертолет
«Таджик Эйр» запланировала открыть рейсы в Вандж, Рашт и Лахш
Таджикский боец Бехзод Усмонов перешел в лигу BK FC и получил соперника
Теперь не только в Тегеран. Иран отменил визы для таджикистанцев, прилетающих в любой город страны
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 30 января 2025 года
12 правил жизни Зебинисо Рустамовой
В Таджикистане вырос импорт сельхозпродуктов на фоне увеличения внутреннего производства
Эмомали Рахмон произвел кадровые перестановки в судах и администрациях Душанбе, Хатлона и ГБАО
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста