Дар Душанбе боз як пулчинак (кондуктор)-и микроавтобуси «Хундай Старекс» барои рафтори дағалона ва суханони қабеҳ нисбат ба мусофирон боздошт гардида, нисбаташ ҷазои ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз татбиқ карда шуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, пулчинаки автомашина шаҳрванд Манучеҳр Одинаеви 23-сола баъди муроҷиати шаҳрвандон дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук дастгир гардидааст.
Гуфта мешавад, ки «зимни пурсиш номбурда иброз дошт, ки дар ҳақиқат санаи 28-уми октябри соли ҷорӣ ҳангоми ба мусофиркашонӣ машғул шудан, нисбат ба муроҷиаткунанда дағалона рафтор намуда, суханони қабеҳ гуфтааст, ки аз ин амали худ изҳори пушаймонӣ намуд».
Ба иттилои манбаъ, бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбат ба ҳуқуқвайронкунанда протоколи ҳукуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ тартиб дода шуда, бо қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз татбиқ карда шуд.
Ҳамзамон зикр мегардад, ки нисбат ба ронандаи автомашинаи мазкур, ки Одинаев он ҷо ба ҳайси пулчинак фаъолият мекард, барои ғайриқонунӣ бе иҷозатномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ ба хизматрасонии мусофиркашонӣ машғул шудан, бо моддаи 510-и КҲМ Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ӯ ҷарима шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста