Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки Амриддин Аловатшоев, яке аз лидерҳои ғайрирасмии ВМКБ худаш ба Тоҷикистон омад ва баъдан боздошт шуд.
Ин дар ҳолест, ки имрӯз Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон гуфт, Аловатшоев бар асоси дархости Тоҷикистон дар русия боздошт ва истирдод шуд.
"Нисбати Амриддин Аловатшоев бо моддаи гаравшонгирӣ, аз озодӣ маҳрум кардан ва дигар амалҳои хусуссияти ҷиноятидошта парванда боз карда шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Ӯ дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт,-гуфт дар нишасти хабарии имрӯзи ВКД, сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ин ниҳод Шодӣ Ҳафиззода.
Аммо Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон имрӯз дар нишасти хабарӣ, зимни таъйид кардани хабари дар Тоҷикистон қарор доштани Аловатшоев, ки ӯ бар асоси дархости Тоҷикистон дар Русия боздошт ва ба кишвар истирдод шуд.
Юсуф Раҳмон гуфт, ки алайҳи Аловатшоев ин ниҳод ҳанӯз, соли 2018 парванда боз карда буд ва барои боздошту истирдоди ӯ ба Русия санадҳои лозимро фиристода буданд.
"Ӯ дар Русия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шуд, ки ҳоло дар боздошт қарор дорад ва тафтишоти парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ давом дорад",-гуфт Додситони кулл.
Юсуф Раҳмон аз додани ҷузъиёти бештар дар мавриди шеваҳои истирдод ва парвандаи ҷиноӣ алайҳи Аловатшоев худдорӣ кард ва гуфт, ки ҷузъиётро метавонед иловатан дархост кунед.
Таъйиди ба Тоҷикистон овардани Аловатшоев аз сӯйи Додситони кул ва ВКД дар ҳолест, ки қаблан худи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сару садоҳои ба Тоҷикистон овардани ӯро дар як суҳбат ба "Азия-Плюс" рад карда буд.
Дафтари матбуоти ВКД гуфта буд, ки чунин иттилоъ дар сомонаҳои ғайрирасмӣ ва ғайриқобили эътимод пахш мешавад ва он асоси воқеӣ надорад.
- Хабарҳо буд, ки гӯё ӯро дар Русия боздошт кардаанд. Вале дар Тоҷикистон нест. Расонаҳои ғайрирасмӣ чунин иттилоъи бардурӯғро нашр мекунанд. Ба ин хабарҳо бовар накунед. Агар ӯ дар Тоҷикистон бошад мо иттилои расмӣ пахш мекунем,-гуфт ҳамсуҳбати мо аз ВКД.
Хабарҳои зиддунақиз дар мавриди боздошт ва истирдоди Аловатшоевро ба Тоҷикистон дирӯз, 19 январ, пойгоҳи интернетии «Pamir Daily News», ки бештар ҳаводиси ВМКБ-ро бозтоб медиҳад, нашр кард. Ин пойгоҳ, ба иддаи муаллифонаш аз қавли се манбаи баландмақоми худ аз ВКД Тоҷикистон навишт, ки ӯро дар Белглрад мақомоти қудратии Русия дастгир намуда, аз онҷо ба Москав ва баъд ба Душанбе истирдод намудаанд.
- Аловатшоев дар бинои “УБОП” дар шаҳри Душанбе қарор дорад. Ба иттилоъи манбаъи мо нисбати Аловатшоев бо моддаи 189 қсими 1 (барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ)-и Кодекси ҷинотяӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Шояд ин ягона моддае нест, ки ӯ гумонбар мешавад,-навиштааст «Pamir Daily News».
Ин пойгоҳ ҳамчунин, аз қавли манбаъҳояш навиштааст, ки Амриддин Аловатшоев 27 декабри соли 2021, расо як моҳ баъди гирдиҳамоии зодагони ВМКБ дар назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия дар ҷустуҷӯ буд.
Дар пайи хабарҳои зидду нақиз дар мавриди боздошту истирдоди Аловатшоев бархе аз зодагони ВМКД дар шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиати видеоие нашр карданд, ки дар он онҳо аз ҳукумат ва мақомоти тафтишотии Тоҷикистон дархост мекарданд, ки дар бораи макони будубоши Амриддин Аловатшоев, ки рӯзи 12 январ дар Русия боздошт ва гӯиё ба Тоҷикистон фиристода шудааст, маълумот диҳанд.
Давоми се рӯзи ахир дар шабакаи иҷтимоии Facebook бо ҳаштагҳои «Покажите Амриддина» (Амриддинро нишон диҳед) ва «Свободу Амриддину» (Озодӣ ба Амриддин) муроҷиатҳои видеоӣ нашр шуданд.
Зодагони ВМКБ, ки аксаран дар Русия қарор доранд, аз бедарак шудани Амриддин Аловатшоев, ки 12 январ дар шаҳри Белгороди Русия боздошт шудааст, изҳори нигаронӣ карда буданд.
Дар муроҷиатҳо ҷонибдоронаш мегуфтанд, ки тибқи баъзе маълумот Аловатшоевро ба Душанбе бурда, ӯ дар яке аз боздоштгоҳҳои тафтишотӣ қарор дорад, лекин мақомоти расмӣ ба ин иқрор намешаванд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Как проходит процедура развода, и какова государственная пошлина за подачу заявления?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 22 декабря 2024 года
Долгая ночь. Сегодня отмечается праздник зимнего солнцестояния Шаби Ялдо
Как прошла Tarona Music Award-2024: на сцене, за кулисами мероприятия и не только
АБИИ выделил Таджикистану первые $270 млн на строительство Рогунской ГЭС
На российском рынке труда выросло число вакансий при нехватке персонала
«Стратегический стержень» Евразии. Что может дать Ваханский коридор странам, имеющим выход к нему
Что будут показывать таджикские театры на Новый год
В сборную Таджикистана перебралась легкоатлетка из России
Как Душанбе встречает Новый год?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста