Дар вилояти Калуга ҳудуди 2000 нафарро бар асоси издивоҷи қалбакӣ аз шаҳрвандии Русия маҳрум карданд. Дар ин бора 28-уми декабри соли 2022 губернатори вилояти Калуга Владислав Шапша дар мулоқот бо сармуҳаррирони расонаҳои маҳаллӣ гуфтааст, менависад хабаргузории Красная Весна.
Бино ба иттилои ин расона, Владислав Шапша гуфтааст, ки теъдоди иҷозатнома барои шаҳрвандӣ нисбат ба солҳои қаблӣ ду баробар кам шудааст.
Губернатори вилояти Калуга ҳамчунин гуфтааст, ки ин минтақа ширкат дар барномаи дарёфти шаҳрвандиро қатъ кардааст.
“Мо якҷоя бо прокуратура, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати тафтиши ақди никоҳҳои қалбакӣ корҳои зиёде анҷом додем. Дар тӯли ин шаш моҳ тақрибан 2000 нафар бо сабаби издивоҷи қалбакӣ аз шаҳрвандии худ маҳрум шуданд”, - гуфтааст Шапша.
Роҳбари вилоят ҳамчунин дар бораи вокуниши афроде, ки бо роҳи издивоҷ барои гирифтани шаҳрвандӣ талош мекунанд, гуфтааст: “Ҳоло хориҷиҳо дарк кардаанд, ки ин роҳ бастааст. 73 аризае, ки чанде пештар ба идораи САҲШ пешниҳод дода шуда буд, сабт нагардиданд. Сабаб маълум аст”.
Гуфтан ба маврид аст, ки издивоҷ бо шаҳрванди Русия яке аз роҳҳои осони ба даст овардани шаҳрвандии ин кишвар мебошад, ки бисёре аз муҳоҷирон, аз ҷумла аз Тоҷикистон аз он истифода мекунанд. Русия солҳои охир назорат аз болои дастрас кардани шаҳрвандии ин кишвар тариқи издивоҷро пурзӯр карда, мақомоти ин давлат баъзан аз ошкор шудани издивоҷҳои қалбакӣ иттилоъ медиҳанд.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста