Додситонии кулли Тоҷикистон аз ошкор шудани интиқоли ғайриқонунии таҷҳизоти гуногуни барқӣ аз Хитой ба Тоҷикистон хабар медиҳад, ки боҷ ва андози гумрукии он 271 ҳазору 820 сомониро ташкил медиҳад. Маблағи умумии таҷҳизот беш аз 2 миллион сомонӣ аст.
Тавре сомонаи расмии ин ниҳод иттилоъ медиҳад, ин ҳолат рӯзи 26-уми апрел, зимни санҷиши аризаи шаҳрванд Сангов Р.М. дар корхонаи истеҳсолии “Яхдон”, воқеъ дар кӯчаи Ҷаббор Расулови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муайян шудааст.
“Шаҳрванд Маниёзов К.Ҷ. дар ҳудуди ин корхона ду адад анборхонаро ба иҷора гирифта, дар онҳо 1330 адад таҷҳизоти барқии хӯрокпазии тамғаи “Злато”, 600 адад таҷҳизоти барқии хӯрокпазии хурд, 4000 адад таҷҳизоти барқии гармидиҳӣ (радиатор) тамғаи “Bosh” ва “Samsung”, 2800 адад зарфҳои сафолӣ барои чойнӯшӣ (бокал)-ро ғайриқонунӣ, бе ҳуҷҷатҳои воридотии гумрукӣ нигоҳ доштааст”, - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, молҳои мазкур дар давоми моҳҳои август-сентябри соли 2022 аз Хитой “ғайриқонунӣ, бидуни назорати гумрукӣ, бо роҳи қочоқ” ба сарҳади гумрукии Тоҷикистон ворид карда шудаанд.
Тибқи маълумотномаи Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, арзиши умумии эҳтимолии бозоргонии ҳамаи таҷҳизоти барқӣ 2 миллиону 108 ҳазору 800 сомонӣ буда, боҷ ва андози гумрукии он 271 ҳазору 820 сомониро ташкил медиҳад.
Айни замон нисбати Маниёзов К.Ҷ. бо моддаи 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии ҶТ (содир намудани ҷинояти қочоқ ба миқдори калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста