Соли 2022 дар ҷумҳурӣ 16 ҳазору 290 нафар ноболиғ барои ҳуқуқвайронкуниҳои гуногун боздошт ва ба мақомоти корҳои дохилӣ дастрас шудаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2021 (15 ҳазору 351 нафар) 939 нафар бештар мебошад. Дар ин бора, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон дар ҳисоботи солонаи хеш маълумот додааст.