Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон дар ним сол 195 аъзои ташкилотҳои террористӣ ва экстремистиро боздошт кардаанд, ки ин нисбат ба шаш моҳи соли 2022 66 нафар кам мебошад. Ҳоло беш аз 1000 нафари дигар бо ҷурми терроризму экстремизм дар пайгард қарор доштаанд. Дар ин бора Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон дар нишасти матбуотии 11-уми август хабар дод.
Боздошти 1,5 ҳазор ҷустуҷӯшаванда ва 8 маблағгузори терроризм
Номбурда гуфт, аз теъдоди умумии 1 ҳазору 700 нафаре, ки дар кофтукови ҷиноятӣ буданд, дар ин давра 1 ҳазору 500 нафар дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 53 адад зиёд мебошад. Ин рақам дар ним соли 2022 1 ҳазору 447 нафарро ташкил медод.
Ба иттилои номбурда, дар 6 моҳи соли равон 14 ҳолати маблағгузории ҷинояти хусусияти террористӣ ва экстремистидошта ба қайд гирифта шуда, барои ин кирдор 8 нафар дастгир шудаанд.
Соли 2022-юм 24 ва соли 2021-ум 15 ҳолати маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ба ҳисоб гирифта шуда буд.
9 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ беш аз 40 ҷиноят содир кардаанд
“Дар 6 моҳи соли 2023 аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 9 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 48 нафар барои содир кардани 41 ҷиноят ошкор шуд. Инчунин, дар нимсола 2 амали террористӣ ва 2 сӯиқасд ба амали террористӣ ошкор гардид”, - иттилоъ дод Рамазон Раҳимзода.
Дар 6 моҳи соли 2022 14 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 100 нафар дастгир гардида буданд. Дар бораи шумораи ҷиноятҳои содиркардаи онҳо хабар дода намешавад.
Соли 2022-юм 55 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 166 нафар барои содир намудани 236 ҷиноят ошкор шуда буд. Соли 2021-ум 75 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 176 нафар барои содир намудани 167 ҷиноят ба қайд гирифта шуда буд.
Ошкоршавии 600 ҷинояти террористӣ ва экстремистӣ
Вазири корҳои дохилӣ иттилоъ дод, ки дар 6 моҳи соли 2023 дар миқёси кишвар аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зиёда аз 1 ҳазору 100 ҷинояти хусусияти террористӣ ва экстремистидошта ба қайд гирифта шуда, зиёда аз 600 адади он ошкор гардидааст.
Ба гуфтаи Рамазон Раҳимзода, то 1-уми июли соли 2023 беш аз 1000 нафар шаҳрванди Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта дар ҷустуҷӯй қарор доранд.
“Дар ин давра 36 нафар аъзои ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ, ки дар хориҷи кишвар қарор доштанд, дастгир ва беш аз 130 нафари дигар ихтиёран ба ватан баргардонида шуданд. Аз ҷумла, аз Русия 18 нафар, аз Туркия 15 кас, аз Олмон, Ӯзбекистон ва Пошла 1 нафарӣ ба ватан баргардонида шуданд.
Инчунин, 150 нафар аъзои ташкилотҳои террористӣ ва экстремистие, ки дар хориҷи кишвар дар муҳорибаҳои ҷангӣ иштирок мекарданд, ихтиёран ба ватан баргардонида шуданд. Аз ин теъдод, 131 нафар аз Русия, 7 нафар аз Туркия, 5 нафар аз Қазоқистон, 2 нафарӣ аз Сурия, Ироқ, Мисри Араб ва 1 нафар Қирғизистон мебошад”, - гуфт Рамазон Раҳимзода.
Теъдоди нафароне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта дар ҷустуҷӯй қарор доранд дар 6 моҳи соли гузашта 3 ҳазор нафарро ташкил медод.
Дар 6 моҳи соли 2022-юм 44 нафар аъзои ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ, ки дар хориҷи кишвар қарор доштанд, дастгир ва ба ватан баргардонида шуданд. Аз ҷумла, аз Русия 41 нафар, аз Мисри Араб, Қазоқистон ва Туркия 1 нафарӣ буданд.
Дар тамоми соли 2022 85 аъзои ташкилотҳои террористиву экстремистӣ, ки дар хориҷи кишвар қарор доштанд, боздошт ва ба Тоҷикистон баргардонида шуданд, ки ин нисбат ба соли 2021-ум 35 нафар зиёд мебошад: соли 2021-ум 50 нафар боздошту ба ватан оварда шуданд.
Дар 6 моҳи соли 2022-юм, 109 нафар аъзои ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ ва иштирокчиёни муҳорибаҳои ҷангӣ дар хориҷи кишвар ихтиёран ба ватан баргардонида шуданд. Аз ин теъдод, 100 нафар аз Русия, 1 нафарӣ аз Қазоқистон ва Мисри Арабӣ 1 ва 7 нафар аз Туркия буданд.
Соли 2022-юм 247 аъзои ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва иштирокчиёни муҳорибаҳои ҷангӣ ба хоҳиши худ аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон баргардонида шуданд, ки ин нисбат ба соли 2021-ум беш аз 170 нафар зиёд мебошад. Ин омор дар соли 2021-ум 75 нафар буд.
Вазир: Сабаби ифротишавӣ - таълимоти ғайрирасмии динӣ
Рамазон Раҳимзода яке аз омилҳои асосии ҷалби наврасону ҷавонон ба равия ва ташкилотҳои террористиро таълимоти ғайрирасмии динӣ дар дохил ва хориҷи кишвар номид.
Ба гуфтаи ӯ, то ҳол 52 нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ба таълимоти ғайрирасмии динӣ машғуланд, ки дар шаш моҳи соли 2023 18 нафари онҳо ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.
“Олмон оид ба 5 шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон маълумот намедиҳад”
Рамазон Раҳимзода дар робита ба шахсияти панҷ зодаи Тоҷикистон, ки дар Олмон, барои анҷоми ҳамлаи террористӣ боздошт шуданд, гуфт, то ҳол ҷониби Олмон ба онҳо дар ин бора ахборот пешниҳод накардааст ва онҳо дар ин сатм бо Тоҷикистон ҳамкорӣ намекунанд.
Ҳарчанд ба иттилои ӯ, Тоҷикитсон 4 сол пеш як лоиҳаҳои созишномаи ҳамкориро дар ин сатм пешниҳод карда буд.
“Вале мо барои пурра ва ҳаматарафа тафтиш кардани парвандаи ҷиноятӣ ва муайян кардани алоқаҳои онҳо дар Тоҷикистон корҳои оперативӣ ва ҷустуҷӯӣ бурда истодаем”, - гуфт вазири корҳои дохилии Тоҷикистон.
«Наши выступили блестяще». Эргаш Махмадбеков – об итогах чемпионата мира по дзюдо среди юниоров
Спикер парламента Ирана приедет в Таджикистан. Какова цель визита Калибофа?
Сына бен Ладена депортировали из Франции. Ему запрещен въезд в страну
Как сохранить ягнобский язык?
Ассоциация охотников Таджикистана выделила 2,1 млн сомони на развитие отдаленных районов
Дело P. Diddy. Что на самом деле происходило на вечеринках рэпера?
Министр транспорта Таджикистана поручил подготовить дороги к зиме
Тайны китайских праздников: от гонок на драконьих лодках до волшебных фонарей
Исчезающие. Все больше растений и животных в Таджикистане становятся редкими из-за изменения климата
Горный Бадахшан получил уголь по доступной цене и помощь для нуждающихся
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста