Александр Сёмин, як шаҳрванди Русия, ки панҷ сол пеш Ҳувайдо Тиллозода, духтараки панҷсолаи тоҷикро ваҳшиёна ба қатл расонида буд, ба ҳабси абад маҳкум гардид. Ӯ қаблан ба 24 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Додгоҳи таҷдиди назар (кассатсионӣ) – и Русия ҳукми қаблан содиршуда барои Александр Сёминро тағйир дода, ӯро барои як умр равонаи зиндон кард.

Ҳукми 24 соли зиндон барои Александр Сёмин санаи 15-уми марти соли ҷорӣ содир шуда буд.

Имрӯз, 14-уми сентябр, Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо Тиллозода хабар ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ҳукм одилона аст ва ҳамакнун, ӯ ба ватан бармегардад.

“Дар ниҳоят мо дар ин додгоҳ пирӯз шудем ва Сёмин муҷозот шуд. Солҳо азоби зиёд кашидам ва ҳатто кор карда натавонистам. Ҳоло ҳукми одилона эълон шудааст ва ман аз ҳамаи онхое, ки маро дастгирӣ намуданд ва паҳлӯям будан, аз ҷумла  вакили дифоъ, ки то лаҳзаи охирин ҳамроҳи ман буд ва барои ҷинояткор ҷазои сахт талаб карду бурд кардем, миннатдорам. Акнун ба ватан бармегардам ва бо оилаам мемонам, зеро дар ин ҷо вазифаи падариамро иҷро кардам”, - гуфт Абдусалом Саидов.

Назари пайвандон ва вакили дифои Александ Сёмин дастрас нест.


Ёдрас мекунем, ки Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 22-юми июли соли 2018 аз майдончаи назди хонаашон дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва як рӯз пас ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ пайдо карданд.

Дар ин ҳодиса Александр Сёмин муттаҳам шуд, ки дар ҳамсоягии онҳо мезист. Ташхиси судиву тиббӣ нишон дод, ки нахуст ба номуси ӯ таҷовуз шуда, сипас духтарча бо корд кушта шудааст.

Ҳодисаи қатлу таҷовузи Ҳувайдои 5-сола яке аз ҳодисаҳои пурсарусадо дар Тоҷикистон ва расонаҳову шабакаҳои иҷтимоӣ буд, аммо ба далоили хурду реза кашол ёфтани он нигарониҳо дар мавриди таъмини адолатро ба бор овардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.