Соли 2023 беш аз 200 ҷинояткор бо дархости Тоҷикистон боздошт ва ба кишвар истирдод шуданд, ки ин нисбат ба соли гузашта 100 нафар бештар аст.
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 16-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, соли 2023 Тоҷикистон бо дархости мақомоти прокуратураи дигар кишварҳо 30 нафарро дастгир ва ба он кишварҳо супоридааст.
Ба гуфтаи додситони кул, истирдоди ҷинояткорон дар натиҷаи ҳамкориҳо бо мақомоти додситонии дигар давлатҳо сурат гирифтааст. Вале Юсуф Раҳмон аз ҳеҷ кишваре ном набурд.
Дар ҳамин ҳол, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, соли 2023 танҳо аз Русия 119 шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба ҷиноятҳои мухталиф гумонбар ё гунаҳкор буданд, ба кишвар истирдод шуданд, ки нисбат ба соли 2022-ум 8 адад зиёд мебошад.
Юсуф Раҳмон дар нишасти хабарӣ гуфт, афроди ба Тоҷикистон истирдодшуда барои даст доштан дар ҷиноятҳои гуногун ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Дар бораи шахсият, иттиҳом ва муҳлати ҷазои онҳо чизе нагуфт.
Бояд гуфт, ки соли 2022 мақомот аз истирдоди наздик ба сад нафар, аз ҷумла 18 гумонбар ба терроризму ифротгароӣ аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон хабар дода буданд.
Дар соли 2023 чанд ҳолати истирдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла аз кишварҳои Аврупо расонаӣ шуда буд. Наздикону пайвандони баъзе афроди истирдодашуда чунин амали мақомотро беасос медонанд. Вале мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, истирдоду муҷозоти сокинон беасос набуда, далелҳое рӯи даст доранд.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста