Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ ҳодисаи дуздии амволро ба маблағи зиёда аз 1,2 млн сомонӣ аз корхонаи шабакаҳои барқи шаҳри Истаравшан ошкор карданд.
Тавре ки маркази матбуоти Агентӣ хабар медиҳад, Ҳомидов Б.Б. зимни кор дар мансаби мудири анбори филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Истаравшан бо истифода аз ваколати мансабдорӣ даст ба ҷинояти азонихудкунӣ ва исрофкорӣ задааст.
Мувофиқи айбҳои пешниҳодшуда зимни фаъолият дар ин мансаб ӯ гӯё ғайриқонунӣ маҳсулот ва таҷҳизоти барқии дар ихтиёр доштаашро ба маблағи зиёда аз 1,2 млн сомонӣ азхуд кардааст.
Мақомоти тафтишот мегӯянд, Ҳомидов барои содир намудани ин ҷиноят аз ваколатҳои хидматии худ истифода бурдааст. Дар бораи давраи содир гардидани ҷиноят хабар дода намешавад.
Гуфта мешавад, дар ин робита нисбати Ҳомидов бо моддаи 245, қисми 4, банди “б” Кодекси ҷиноятии ҶТ (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Дар ин модда ҷарима дар ҳаҷми аз 1824 то 2700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда - 72 сомонӣ) ё маҳруммият аз озодӣ ба муҳлати аз 10 то 15 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.
Дар хабари Агентӣ зимнан зикр мегардад, ки тафтишоти пешакӣ аз рӯйи ин далел идома дорад.
Ёдрас мекунем, ки ин аллакай ҳодисаи дуюми аз ҷониби кормандони шабакаҳои барқ содир гардидани ҷинояти азхудкунӣ ё исрофкории маблағҳои давлатӣ мебошад.
Қаблан хабар дода будем, ки сардори гурӯҳи хидматрасонии қитъаи Панҷакенти “Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент” Эргашев Б.С. ҳамроҳи директори ин корхона Бобоев Б.К. ва дигар шахсони масъул амволи шабакаро ба маблағи 2 млн 136 ҳазору 613 сомонӣ азхуд кардаанд.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста