Ӯ ҳамроҳи як корманди Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор аз як шаҳрванд барои ба рӯйхати даъватшавандагоне, ки хадмати пулакӣ мекунанд, ворид кардан 17 ҳазор сомонӣ талаб карда, зимни гирифтан 9 ҳазор сомонӣ боздошт шудааст.
Оҷонсии мубориза бо фасоди кишвар аз ин корманди Комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор Каримов Б., сардори зершуъбаи молия ва хоҷагидорӣ ва аз корманди беморхона Салимов Н., бародари шафқат ном бурдааст.
Ин ниҳод мегӯяд, онҳо баъди муроҷиати шаҳрванди Ф. Амиров ду нафарро рӯзи 14-уми март боздошт кардаанд.
“...бо андешидани чораҳои зарурӣ, Салимов Н.С. баъди аз шаҳрванд Амиров Ф.Ҳ. гирифтани маблағи 9000 сомонӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ў ёфта гирифта шуд”, - гуфтааст Оҷонсӣ.
Ин ниҳод нисбати Каримов Б.З. ва Салимов Н.С. барои қаллобӣ (моддаи 247 қисми 2 бандҳои «б,в,г») парвандаи ҷиноятӣ боз карда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Ин банди қонунгузорб 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда 72 сомонӣ аст) ё аз ду то панҷ соли зиндон пешбинӣ мекунад.
Аз ин ниҳод тасдиқ карданд, ки сухан дар бораи рӯйхати даъватшавандаҳое меравад, ки тибқи қонуни нави уҳдадориҳои ҳарбӣ метавонанд, ки бо пардохти маблағ дар як моҳ хидмати ҳарбӣ анҷом диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки даъвати баҳории ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ 1-уми апрел оғоз шуда, то охири моҳи май идома меёбад. Дар робита ба даъвати имсола аллакай фармони президент ба имзо расид ва омодагиҳо барои ҷалби ҷавонон ха бихдамти ҳарбӣдар стаҳи маҳаллаҳо идома дорад.
Ҳамасола мавсими даъвати ҳарбӣ, ки дар кишвар дар як сол ду маротиба-баҳору тирамҳ сурат мегирад, хабару наворҳое аз сарбозшикор (облава) шудани ҷавонон расонаӣ мегардид. Вале мақомот ин ҳамаро рад мекунанд ва мегӯянд, агар шахс баъди гирифтани даъвататномаи ҳарбӣ ба комимисариат ҳозир нашвад, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ онҳоро маҷбурӣ меоранд.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста