Дар Душанбе нисбати пайвандони гумонбарон ба ҳамла ба “Крокус Сити Холл” корҳои тафтишотӣ анҷом дода мешаванд. Дар ин бора ба РИА Новости як манбаъ аз сохторҳои қудратии Тоҷикистон хабар додааст.

“Ҷараёни тафтишот зери назорати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба ӯ ҳамарӯза дар бораи рафти тафтишот оид ба амали террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Холл” маълумот дода мешавад”, - гуфтааст ҳамсуҳбати хабаргузорӣ.

Ӯ илова намудааст, ки ҳамаи гумонбарон то сафар ба Русия дар наздикиҳои шаҳри Душанбе - шаҳрҳои Ваҳдату Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ мекардаанд.

Дар бораи бозпурсии хешовандони гумонбарон Радиои Озодӣ низ хабар медиҳад. Хабарнигорони Радиои Озодӣ рӯзҳои 25 ва 26-уми март ба хонаи камаш се нафари онҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва Ваҳдат рафта, аммо волидон ва ҳамсари онҳоро наёфтанд.

Дар хонаи Саидакрам Раҷабализода дар шаҳри Ваҳдат шоми 25-уми март танҳо яке аз бастагонаш истода буд. Ӯ бе зикри ном гуфт, пас аз ҳамла ба маркази "Крокус Сити Ҳолл" мақомоти қудратии Тоҷикистон "модар, бародар, ҳамсар ва ду амаки Саидакрам Раҷабализодаро барои бозпурсӣ ба Душанбе бурданд." Падараш солҳо пеш фавтида будааст.

Хабарнигорон хостаанд, ки дар бораи ӯ ва зиндагиву рафтораш дар гузашта аз ҳамсояҳо ё раиси маҳалла маълумот бигиранд. Баъзе аз сокинон бо баҳонаи он ки ӯро "намедонанд" ё "намешиносанд", аз суҳбат худдорӣ варзиданд.

Раиси маҳалларо пайдо нашудааст. Яке аз сокинон гуфт, "ӯро ҳам мақомот барои суолу ҷавоб бурда буданд." Мақомот барои шарҳи масъала дастрас нестанд.

Волидону ҳамсари гумонбари дигар Фаридуни Шамсиддин низ рӯзи 25-уми март дар хонаашон дар шаҳри Ҳисор набуданд. Яке аз хешовандонаш бидуни зикри ном гуфт, ки "ҳамсар, падару модар ва хушдоманашро ба Душанбе барои бозпурсӣ бурданд."

Гуфта мешавад, вазъият бо пайвандони Муҳаммадсобир Файзов дар Душанбе низ ҳамин тавр аст.

Амали террористӣ дар "Крокус Сити Холл"

Ёдрас мекунем, ки қарибиҳои соати 20:00 (вақти Маскав)-и рӯзи 22 март пеш аз консерти гурӯҳи роки “Пикник” дар толори “Крокус Сити Холл” шахсони номаълум вориди толор шуда, ба тирпаронӣ оғоз намуданд ва биноро оташ заданд. Оташ майдони ҳудуди 13 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифта, толори консертӣ пурра ба коми оташ рафт ва боми он ба пойин фурӯ рехт.

Бино ба маълумоти ахир дар ин бора, бар асари ин амали террористӣ 139 нафар ҳалок шуда, 182 кас осеб диданд.

Гумонбарони ҳамла ба толори консертиро субҳи 23 март дар вилояти Брянск дастгир карданд, ки бо мошин ба самти сарҳад мерафтанд. Суди Басманнии шаҳри Маскав онҳоро то 22 май ба ҳабси пешакӣ гирифт. Вобаста ба парвандаи мазкур ҳамагӣ 11 нафар боздошт шудаанд.

Қаблан ҷиноҳи созмони террористии “Давлати исломӣ” (ДОИШ) дар Афғонистон изҳор намуд, ки ба ин ҳамла даст дорад. Ин созмон навори ҳамларо нашр кард, ки дар он  камера дар тани яке аз гумонбарон аст.

Президенти Русия Владимир Путин ҳамла ба толори консертиии “Крокус Сити Холл”-ро ба Украина вобаста донист. Аммо аз суханҳои ӯ бармеояд, ки мақомоти тафтишот ҳоло далелҳои тасдиқкунандаи ин фарзияро надоранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.