Марде дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд зан ва хушдоманашро бо табар куштааст. Мард, ки занашро талоқ дода будааст, як ҳафта пеш аз куштор, бидуни бекор кардани ақди никоҳи расмӣ бо ҳамсари қонуниаш, занеро ба никоҳаш дароварда, ба хона овардааст ва ин боиси сар задани ҷанҷол миёни ӯ ва занаш гардидааст, ки бо қатли дуюми анҷомидааст.
Санҷар Шерматов, муовини раиси ҷамоати Муҷуни ноҳияи Деваштич, ки ҳодиса дар он ҷо рух додааст, гуфт, ҳодиса як ҳафта пеш, 24-уми март иттифоқ афтодааст.
“Он рӯз Ҳ.М. ба саҳро мерафтааст ва дар роҳ зани дар ақди никоҳи расмиаш буда, аммо ҷудо мезистаашро бо модараш дида, баъди сар задани муноқиша, ҳардуи онҳоро бо табар задааст. Занаш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, хушдоманаш пас аз интиқол ба бемористон, ҷон додааст”, - гуфт Санҷар Шерматов.
Ҳодисаро дар Шӯъбаи корҳои дохилии ВКД дар ноҳияи Деваштич тасдиқ карданд, аммо бо баҳонаи идомаи тафтишот, аз пешниҳоди маълумоти бештар худдорӣ намуданд.
Назари худи муттаҳам ва пайвандони ӯ дастрас нест. Ҳамчунин, маълум нест, ки ӯ вакили дифоъ дорад ё не.
Санҷар Шерматов зикр кард, ки Ҳ.М. бо ҳамсараш чандин сол зиндагии якҷоя дошта, соҳиби се фарзанд низ будаанд. Аммо чанде пештар, дар пайи муноқишаи оилавӣ, занашро талоқ дода, аммо аз ӯ расман, тавассути ҳалномаи додгоҳ, ҷудо нашуда будааст.
Бояд гуфт, ки дуюмин ҳодисаи куштори ҳамсар аз ҷони шавҳар дар вилояти Суғд дар моҳи март аст. Нӯҳ рӯз пеш аз ин ҳодиса, 15-уми март, Фотима Сатторова, сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки ҳомила будааст, аз дасти шавҳараш кушта шудааст.
Пештар аз ин, сокини 28-соли ноҳияи Ҷаббор Расулов низ ҳамсарашро дар заминаи рашк ба қатл расонида, барои 17 сол равонаи зиндон шуда буд.




Как таджикская художница борется с плагиатом в сети
ICB предлагает Visa Infinite — премиальную карту для глобальных возможностей
Президент Таджикистана пообещал создать в стране 1,4 миллиона рабочих мест
Бизнес без коррупции: о чем говорили на международном форуме в Душанбе
В результате нападения в школе в Одинцово погиб мальчик – предположительно, из таджикской семьи
Самые дорогие футболисты высшей лиги Таджикистана-2025: кто вошёл в топ?
Эмомали Рахмон вновь выразил обеспокоенность по поводу ношения «чуждой одежды» в Таджикистане
Президент Таджикистана предложил меры для улучшения кредитной системы и доступа к жилью
В Таджикистане с 1 сентября 2026 года будут повышены зарплаты и социальные выплаты
Эмомали Рахмон: «Доходы госбюджета за последние пять лет выросли на 65%»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста