Боздоштшудагонро бо гумони ҳамла ба "Крокус Сити Холл" шиканҷа карданд, ки чеҳраи захмӣ ва ҳолати умумии онҳо ҳангоми ба толори суд расонидан аз он шаҳодат медоданд. Гузашта аз ин, шиканҷа дар видео аз ҷониби худи сохторҳои қудратӣ ҳангоми боздошт сабт шудааст.
"Азия-Плюс" аллакай навишта буд, ки ба гуфтаи коршиносон, қурбониёни шиканҷа аксар вақт маълумоти бардурӯғ медиҳанд, то худро аз зӯроварӣ муваққатан наҷот диҳанд ва оё эътирофҳои бо ин роҳ гирифташуда метавонанд эътибор дошта бошанд.
"Азия-Плюс" ин дафъа ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) дар Тоҷикистон Умед Бобозода муроҷиат кард, то бифаҳмад, ки оё Омбудсмен ният дорад дар мавриди шиканҷаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдори Русия муроҷиат кунад?
Умед Бобозода дар посухи хаттӣ хабар дод, ки ин масъала ба салоҳияти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ дохил мешавад.
"Бо мақсади дахолат накардан ба амалҳои тафтишотӣ аа адолати судӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ҳоло аз муроҷиат ба кумитаи тафтишоти Русия ё ягон изҳорот тавассути ВАО худдорӣ мекунад", - илова намуд ӯ.
Ба гуфтаи Бобозода, "ӯ бо ҳамтояш аз Русия дар масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, аз ҷумла баррасии ин қазия мудом дар тамос аст".
"Умедворем, ки адолат пирӯз шуда, гунаҳкорони воқеӣ барои кирдори худ ҷазои одилона мегиранд", - хулоса кард Омбудсмен.
Тавре ки Интерфакс менависад, қаблан Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Русия Татяна Москалкова истифодаи шиканҷаро нисбати гумонбарон маҳкум карда буд.
Дар изҳороти худ ӯ таъкид кард, ки чунин амалҳо комилан ғайриқобили қабуланд ва ба принсипҳои асосии қонуният ва ҳуқуқи инсон мухолифанд.
Моддаи 21 Конститутсияи Русия истифодаи шиканҷаро манъ мекунад:"Ҳеҷ кас набояд ба шиканҷа, зӯроварӣ, дигар муносибати бераҳмона ё таҳқиромези пастзанандаи шаъну шарафи инсон ё ҷазо дучор шавад".
"Зимни муносибат бо гумонбарон бояд расмиёти қонунӣ риоя карда шавад ва истифодаи зӯроварӣ нисбати онҳо ғайриқобили қабул аст. Амалҳои мурофиавӣ бояд қатъиян ба қонунгузории амалкунанда мувофиқат кунанд", - иброз дошт ӯ.
Баъдтар дар шабакаи Telegram-и худ Москалкова зикр кард, ки кишвар аз амалисозии ҳукми худсарона худдорӣ намуд, ки ба гуфтаи ӯ, аз тамаддун ва камолоти давлат шаҳодат медиҳад.
Ёдрас мекунем, ки 4 гумонбар дар ҳамла бо аломатҳои ошкори шиканҷа ба толори додгоҳ оварда шуданд. Яке аз онҳо бо гӯши бурида, дигаре бо пораи халта дар гардан ва сеюмиро дар курсии чархдор оварданд. Дар чеҳраи онҳо осори зиёди захму латукӯб дида мешуд. Дар ин бора расонаҳои Русия ва хориҷӣ навишта буданд.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста