Дар шаҳри Бохтар кормандони милится ду ҷавонро барои даст доштан дар латукӯби омӯзгори мактаби маҳаллӣ боздошт намуданд.
Тавре ки Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон хабар медиҳад, нисбати сокинони 22-солаи шаҳри Бохтар Қосим Достонов ва Исомиддин Воҳидзода мутобиқи моддаи “авбошӣ” парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Ба иттилои манбаъ, боздоштшудагон ба мктаби миёнаи №7-и шаҳри Бохтар омада, омӯзгор С.Зиёзодаро аз дарс ба берун даъват мекунанд ва мустақиман дар долон ӯро таҳқир ва латукӯб мекунанд.
“Ҳарчанд атрофиён аз онҳо дархост кардаанд, ки амалҳои ғайриқонуниашонро қатъ кунанд, ба суханони касе эътибор надода, муддати тӯлонӣ тартиботи ҷамъиятӣ ва рафти дарсомӯзиро дар дохили муассисаи мазкур дағалона вайрон намудаанд”, - омадааст дар хабари Раёсат.
Дар бораи сабаби таҳқир ва латкӯби омӯзгор хабар дода нашуда, танҳо зикр мегардад, ки яке аз боздоштшудагон Қосим Достонов қаблан низ бо моддаи 238 КҶ Тоҷикистон (авбошӣ) ҷазо гирифта будааст.
Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати онҳо бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва онҳо ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, тафтишот идома дорад.
Мутобиқи ин модда ҷарима ва муҳлати ҳабс вобаста ба ҳолатҳои мушаххас ва ҷиддияти ҷиноят гуногун мебошанд. Ба сурати умум, дар Тоҷикистон барои авбошӣ метавонад ҷарима ё ба муҳлати аз 2 то 5 соли маҳрумият аз озодӣ ҷазо таъин карда шавад.