Парлумони кишвар зимни ҷаласае, ки рӯзи 8‑уми май баргузор шуд, тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар мавриди пурзӯр кардани ҷазо барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбиниро қабул кард.
Ба навиштаи “Садои мардум” - нашрияи парлумони кишвар, тибқи ин тағйирот, ба моддаи 201-и кодекси мазкур банди нав илова карда шуда, барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ, агар чунин кирдор дар давоми соли баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардид. Қаблан барои ин кирдор танҳо ҷазои маъмурӣ пешбинӣ шуда буд.
Ҳамчунин, парлумони кишвар ба банди 2-юми моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тағйирот ворид карда, андозаи ҷаримаи маъмуриро зиёд кард ва дар баробари ин, ҳабси маъмурӣ низ ҳамчун ҷазои алтернативӣ илова намуд.
Қаблан ин моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима аз 60 то 100 нишондиҳандаро пешбинӣ карда буд.
Ёдовар мешавем ки ин аввалин чораи давлат дар мубориза бо ҷодугарон ва фолбинҳо нест. Моҳи апрели соли равон Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар дода буд, ки дар Тоҷикистон ҷодугарон, муллоҳои тӯмору таштобдиҳанда ва шахсони ба таълими ғайриқонунии динӣ машғулро рӯйхат мекунанд ва онҳоеро, ки бо мардумфиребӣ зиндагиашонро пеш мебаранд, то 6 моҳ ҷазои меҳнатии маҷбурӣ таҳдид мекунад.
Бояд гуфт, ки вақтҳои охир амалиёти боздошти соҳирону ҷодугарону фолбинон дар ҷанубӣ Тоҷикистон зиёд шудааст. Қаблан қариб 70 нафар ҷодугарону фолбинон дар вилояти Хатлон боздошт шуда буданд.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста