Кумитаи Думаи давлатии Русия оид ба умури ИДМ лоиҳаи қонун дар бораи тақвияти назорати давлатии федералӣ дар соҳаи муҳоҷиратро маъқул шуморид, ки дар он, аз ҷумла ҷорӣ гардидани реҷаи нави ихроҷи муҳоҷирон пешбинӣ шудааст.
Тавре ки Интерфакс хабар медиҳад, лоиҳаи дахлдори қонун (615003-8) аз ҷониби ҳамаи панҷ фраксияи Дума пешниҳод шудааст.
Дар лоиҳаи қонун зикр мешавад, ки реҷаи нави ихроҷ нисбат ба шаҳрвандони хориҷие, ки барои будубоши қонунӣ дар Русия ҳуқуқ надоранд, мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
Ин метавонад ба анҷоми муҳлати будубоши муваққатӣ дар Русия ё ҳуҷҷатҳои муҳоҷират, бекор шудани иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП), ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) ё содир гардидани қонуншиканӣ марбут бошад.
Амали реҷа дар ҳолатҳои қаламрави Русияро тарк кардани шаҳрванди хориҷӣ, ҳалли масъалаи мақоми ҳуқуқӣ аз ҷониби ӯ, бекор шудани қароре, ки барои истифодаи ин реҷа асос шудааст ё марги шаҳрвнади хориҷӣ қатъ мешавад.
Дар сурати ҷорӣ гардидани чунин реҷа баъзе ҳуқуқҳои шаҳрванди хориҷие, ки ғайриқонунӣ дар Русия ҳузур дорад, маҳдуд шуда, тадбирҳои назорати макони будубоши ӯ дар ин кишвар ба таври қобили мулоҳиза пурзӯр карда мешаванд.
Аз ҷумла метавонанд чунин маҳдудиятҳо ҷорӣ шаванд:
- тағйири макони зист ё будубош дар Русия бидуни иҷозаи мақомоти корҳои дохилӣ;
- тарк намудани ҳудуди қаламрави субъекти Русия, шаҳр ё ноҳия, ки шахси мавриди назорат қарордошта дар он зиндагӣ мекунад;
- идора кардани воситаи нақлиёт, гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ;
- харидан ё фурӯхтани амволи ғайриманқул, воситаҳои нақлиёт ва мошинҳои худрав, дар мақомоти давлатӣ ба қайд гузошани амволи мазкур;
- ақди никоҳ бастан;
- таъсиси шахси ҳуқуқӣ, ба қайд гузоштан ба сифати соҳибкори инфиродӣ;
- бастани шартномаи қарзӣ, кушодани суратҳисоби бонкӣ, анҷом додани интиқоли маблағ, бо дигар тарз ихтиёрдорӣ кардан ба пулҳое, ки дар суратҳисобҳо дар бонк ё дигар ташкилотҳои қарзии Русия қарор доранд, ба истиснои харидани молу маҳсулот ба маблағи 30 ҳазор рубл дар як моҳ ва ва ҳуҷҷатҳои роҳкиро барои сафар аз Русия.
Нашрияи “Известия” дар ин робита менависад, илова бар ин, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ метавонанд ба қаламраве, ки дар он шахси мавриди назрат қарор дорад, ворид шаванд, аз ҷумла тариқи рафъи муқовимат.
Раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко зимни мусоҳиба ба “Известия” дар Форуми байнулмилалии иқтисодии Петербург изҳор намуд, ки Русия ҳеҷ гоҳ барои қувваи кории хориҷӣ баста нахоҳад буд, зеро ин роҳи бунбаст аст.
Ӯ зикр кард, ки сиёсати муҳоҷират бояд равшану дақиқ, давлатӣ ва санҷидашуда бошад ва ба баъзе ислоҳот ниёз дорад.
Как советская Центральная Азия встречала Новый год?
В Таджикистане приняты поправки в два десятка законов
Новогодний стол без сюрпризов: как избежать пищевых отравлений в праздники
ФСБ сообщила о задержании выходцев из Центральной Азии, готовивших теракты в отделе полиции
Памяти устода Мардони
«Афзали Хучанд» - единственный производитель майонеза в Таджикистане - представляет новинку под брендом «NISO»
Отмена виз, рост зарплат и счастливые дети. Хорошие новости 2024 года
Центральная Азия становится новой точкой бума e-commerce
Авиакомпания Qazaq Air приостановила полеты в Екатеринбург – по соображениям безопасности
Самые интересные автомобили для семейных путешествий
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста