Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар доираи амалиёти "Корд" дар шаҳри Душанбе аз ноболиғон ва ҷавонон 62 адад силоҳи сард мусодира шудааст. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ дод.
Ин ниҳод гуфт, дар умум 51 корд, 7 кастет, 2 битта, 1 электрошокер ва 1 табар мусодира шудааст.
“Нигаронкунанда он аст, ки 60-адади чунин предметҳо маҳз аз дасти ноболиғон дарёфту мусодира карда шуда, нисбати волидайни онҳо тибқи моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шудаанд”, - омадааст дар хабари Раёсат.
Ин ниҳод нигаронӣ кардааст, ки бо вуҷуди ҳушдорҳои зиёд дар мавриди таълиму тарбияи наврасон ва ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани онҳо боз ҳам истифода ва бо худ гирифтани силоҳи сард аз ҷониби наврасону ҷавонон қатъ намешавад.
Хабарҳо низ дар мавриди мусодираи силоҳи сард аз сокинон зуд – зуд нашр мегардад.
Аз ҷумла, як рӯз қабл дар шаҳри Душанбе Муҳаммадрофеъ Худойназарови 19-сола барои бо худ доштани корд боздошт шуд. Гуфта мешавад, ки ин бори аввал нест, ки полис ӯро барои бо худ доштани силоҳи сард дастгир мекунад.
Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ин дафъа зимни кофтуков аз Худойназаров як корд мусодира шудааст. Айни ҳол нисбати ӯ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба муҳлати 3 рӯз ба ҳабс гирифтаанд.
Ин ниҳод бори дигар аз волидон ва масъулони тарбияи наврасон даъват кардааст, бахусус дар таътили тобистона ба фарзандонашон таваҷҷӯҳи бештар зоҳир кунанд.
Бояд гуфт, амалиёти “Корд”, ки ҳадафаш ошкор ва мусодираи силоҳи сард аз миёни аҳолӣ, бахусус ҷавонон аст, аз соли 2019 ин ҷониб бо мақсади пешгирии низоъҳо ва таъмини амният дар шаҳр гузаронида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки мутобиқи банди 3 моддаи 492 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон “ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан ё гирифта гаштани силоҳи газӣ, ханҷар, корди дудама ё дигар силоҳи сард, аз ҷумла силоҳи ҳаводиҳанда” манъ буда, дар сурати риоя накардани ин банди қонун ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда ҷарима таъйин карда мешавад.
Агар чунин кирдор дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такрор шавад, шахс ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.





Сколько заработали таджикские бойцы в UFC в 2025 году?
Вышел зимний номер VIPzone: в нем самые яркие истории, идеи и главные лица 2025 года
В Таджикистане в 2025 году приостановили работу 186 объектов за нарушение санитарных норм
Долговая паутина Таджикистана: кто держит нити?
Виталий Левченко снова возглавит «Истиклол»: что известно о назначении
Amir Tour признана лучшей туркомпанией во внутреннем туризме в Таджикистане
Посол Таджикистана призвал студентов-таджикистанцев уважать ценности России
Американский инвестор-легенда купил акции компаний узбекской биржи
В Таджикистане из продажи убирают некоторые партии продукции бренда NAN. Она может быть токсична
«Мне не нужно международное право». Трамп заявил, что его власть ограничивается его «собственной моралью»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста