Пулиси шаҳри Душанбе як кирокашро барои аз меъёр зиёд талаб намудани ҳаққи роҳкиро ва “дағалона муносибат намудан” ба сайёҳи эронӣ боздошт кардааст.
Мақомот дар саҳифаи телеграми худ дар ин бора иттилоъ дода, навиштааст, “Н.Қ, ки ронандаи ҶДММ “САФРОРИЁН” мебошад, зимни хизматрасонии мусофиркашонӣ нисбати муроҷиаткунандагон дағалона муносибат намуда, маблағи роҳкироро зиёд талаб кардааст”.
Назари худи ронанда нисбати ин иттиҳом маълум нест. Гуфта мешавад, нисбати номбурда чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шудаанд, аммо дақиқ гуфта намешавад, ки чӣ чораҳо.
Дар як навор сайёҳи эронӣ ба пулис барои расидагӣ ба шикояташ изҳори миннатдорӣ карда, гуфтааст, дар фурудгоҳ ба ӯ рақами пулиси сайёҳиро доданд ва бо пеш омадани мушкил ба он рақам муроҷиат кард. Сайёҳи эронӣ гуфтааст, “пулиси сайёҳии шаҳри Душанбе фавран ба шикояти онҳо расидагӣ кардааст”.
Ёдрас мешавем, ки қаблан Кумитаи рушди сайёҳӣ иттилоъ дода буд, ки барои дастгирӣ ва кумак ба сайёҳони хориҷӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ хати телефони фаврӣ ташкил кардааст.
Гуфта мешуд, ширкатҳои сайёҳӣ ва сайёҳони хориҷӣ дар ҳолати зарурӣ метавонанд ба рақамҳои 118-200-200 аз соати 8:00 то 17:00 (аз душанбе то -ҷумъа) мустақиман тамос гиранд ва дар дигар вақтҳо тариқи паёмрасонҳои Whatsapp ё Telegramи рақамҳои боло муроҷиат кунанд.
Бояд гуфт, баъди лағви раводид миёни Тоҷикистон ва Эрон ва даъвати Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз эрониён теъдоди сайёҳони эронӣ дар Тоҷикистон афзуд. Махсусан, дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз ба навиштаи баъзе манбаъҳо то 2 ҳазор сайёҳи эронӣ ба Тоҷикистон омадаанд.
Бо омадани сайёҳони зиёд мушкили кӯҳнаи пойтахт – кирокашонии номуназзам ва муносибати дағалу талаби ҳақи зиёд барои хидматрасонӣ, бори дигар расонаӣ шуд. Зеро қаблан низ сайёҳон ва сокинони пойтахт аз хадамоти кирокашонӣ дар Тоҷикистон борҳо интиқод карда буданд.





От запретов в России до энерголимита. ТОП-15 самых читаемых материалов «Азия-Плюс» за 2025 год
Как в условиях Таджикистана питаться правильно, чтобы не нагружать организм. И чтобы было недорого
В Таджикистане выросла плата за государственные детские сады
На юге Таджикистана задержан мужчина по подозрению в убийстве бывшей жены
Россия за 11 месяцев 2025 года выдворила более 54 тысяч мигрантов
Новые и очень важные фильмы Центральной Азии в 2025 году
Из Германии в Таджикистан депортирован 21-летний мужчина, подозреваемый в подготовке нападения
На таджикско-узбекской границе построят новый логистический центр
Лидер таджикской диаспоры в Пермском крае лишён гражданства РФ и выдворен из страны
Главные тренды 2025 года в Таджикистане: от Рогуна до миграции
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста