Имрӯз, 2-юми июн Додгоҳи ноҳияи Сино баъди шунидани суханҳои Юсуф Баҳрулло Юсуфзода, ронандае, ки зери чархи мошини ӯ Ҷасур Акрамови 16-сола, як сокини пойтахт ба ҳалокат расид, мурофиаи навбатиро ба пагоҳ, 3-юми июн гузошт.
Дар мурофиаи пагоҳ интизор меравад, яке аз шоҳидон- тағои гумонбаршавандаро мепурсанд. Қаблан гуфта мешуд, ки ӯ мошини тағояшро бе доштани ҳуқуқи ронандагӣ гирифтааст.
Садамаи нақлиётӣ бо иштироки Юсуф Юсуфзода рӯзи 3-юми апрели соли 2025, тахминан соати 16:30 дақиқа дар кӯчаи Б.Ғафурови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рух дод, ки дар натиҷа Ҷасур Акрамови 16-сола ҷароҳат бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан, ба ҳалокат расид. Сабаби ҳодиса “аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромадан”-и Юсуфзода гуфта мешавад.
Ҳарчанд гуфта мешуд, ки мурофиаи имрӯза ба таври кушод баргузор шуда, хабарнигорон низ дар он метавонанд ширкат кунанд, вале соати 11:00- имрӯз вақте мурофиа оғоз шуд, додрас хабарнигори “Азия-Плюс”-ро ба толори мурофиа роҳ надод. Дар он танҳо вакилони дифоъ ва наздикони ду тараф ширкат карданд.
Фирдавс Акрамов, падари марҳум Ҷасур Акрамов баъди анҷоми мурофиа ба “Азия-Плюс” гуфт, “дар мурофаи гумонбаршаванда гуноҳи худро пурра эътироф кард”.
“Дар ҷаласаи додгоҳӣ маълум гардид, ки гумонбаршаванда қаблан барои ҷинояте, ки бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир алоқаманд аст ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст. Худи боздоштшуда низ шарҳ дод, ки барои истеъмоли воситаи нашъадори бангдона ба ҷавобгарӣ кашида шудааст”,-гуфт Фирдавс Акрамов.
Ба иттилои ӯ, зимни мурофиа гуфта шуд, ки гумонбаршаванда замони содир кардани садамаи нақлиётӣ ҳуқуқи рондани воситаҳои нақлиётро надошт.
Дар мурофиа ҳамчунин, худи Фирдавс Акрамов ҳам пурсида шудааст. Ӯро дар бораи шахсияти фарзандаш пурсиданд.
“Ман аз гумонбар пурсидам, ки вақти рух додани садама чаро мошинро ба кунҷи дигари роҳ тоб надод? Дар ин сурат имкон буд, фарзанди ман зинда монед”, - гуфт Фирдавс Акрамов.
Назари хонавода ва вакили дифои гумонбаршаванда дар робита ба ин қазия маълум нест. Наздикони Юсуф Баҳрулло Юсуфзода аз суҳбат бо "Азия-Плюс" худдорӣ карданд.
Қаблан, Фирдавс Акрамов, падари марҳум Ҷасур Акрамов бо нашри як номаи саркушода ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кул хоста буд, ки парвандаи ҷиноии марги писарашро таҳти назорати шахсӣ гиранд.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста