Вазорати муҳоҷирони ҳукумати “Толибон”* дар Афғонистон эълом кард, ки 49 муҳоҷири афғонистонӣ рӯзҳои 28-29 май “ба далелҳои номаълум” аз Тоҷикистон ихроҷ шудаанд.
Вазорати зери назари гурӯҳи “Толибон” навиштааст, ки 49 муҳоҷири афғонистонӣ рӯзи 31-уми май аз тариқи Бандари Шерхон дар вилояти Кундӯз ба кишварарашон бозгардонда шудаанд.
Ба гуфтаи “Толибон”, 36 тан аз ин афрод дорои корти иқомати Тоҷикистон буданд ва 13 тани дигар низ гузарнома ва виза доштаанд. “Толибон” таъкид кардаанд, ки далели ихроҷи ин афрод мушаххас нест.
Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар ин бора чизе нагуфтаанд.
Ихроҷи ҳудуди 50 муҳоҷири афғонистонӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки охири моҳи апрели соли равон Маркази хабарнигорони ҷавон иттилоъ дода буд, ки рӯзи 21-уми апрели соли равон Тоҷикистон қариб 50 паноҳҷӯи афғонистониро аз хокаш ба Афғонистон ихроҷ кард.
Он замон гуфта мешуд, ки ин афрод, ки дар шаҳри Ваҳдат зиндагӣ доштанд, ба иттилои манбаъ, ҳама асноди паноҳҷӯи Комиссарияти олии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар умури паноҳандагонро доштанд. Аксари онҳо дар шаҳри Ваҳдат ронандаи таксӣ будаанд.
“Паноҳандагон ба идораи амният дар шаҳри Ваҳдат даъват шуда, асноди онҳоро мусодира ва сипас бо ду мошин ба марз интиқол додаанд. Ҳамчунин, теъдоде аз паноҳҷӯёни дигар дар кӯчаву бозор, ки барои харид ба мағоза мерафтанд, аз сӯи нерӯҳои амниятии Тоҷикистон боздошт ва ба Афғонистон ихроҷ шудаанд”, - напвишта буд манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, созмонҳои байналмилалӣ мегӯянд, ки ихроҷи афғонистониҳо ба кишварашон, ки зери султаи “Толибон” аст, ба ҷонашон хатар дорад.
Бояд гуфт, ки қаблан ҳам даҳҳо паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз Тоҷикистон ихроҷ шуда буданд, вале он вақт далели ихроҷро шарҳ дода буд. Онҳо барои гузоштани риши бенизом, пӯшидани либоси бегона, нӯшидани машрубот, мунозираҳои сиёсӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар умум риоя накардани қоидаҳои будубош аз Тоҷикистон хориҷ карда шуда буданд.
Он замон Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон аз Тоҷикистон хоста буд, ки аз ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ ба кишваре, ки ҷонашон дар хатар аст, ҷилавгирӣ карда, онҳоро ба кишвари сеюм фиристанд ва ё ҷазо диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои ғайрирасмӣ ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор шаҳрвандони Афғонистон паноҳанда ҳастанд ва онҳо асосан дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ муқим мебошанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста