Дар Тоҷикистон арзиши бекор кардани ақди никоҳ ду баробар зиёд мешавад. Вакилони парлумон лоиҳаи қонунеро ба тасвиб расонидаанд, ки барои қатъи никоҳ дар Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) аз 150 то 750 сомонӣ ва тариқи додгоҳ то 1050 сомонӣ боҷи давлатӣ пардохт карда мешавад.

Тибқи лоиҳаи қонун “Дар бораи боҷи давлатӣ” барои бекор кардани ақди никоҳ боҷи давлатӣ чунин муқаррар шудааст:

- Дар асоси аризаи яке аз ҳамсарон: ба андозаи 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки ин ба 150 сомонӣ баробар аст. То ҳол ин маблағ 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (75 сомонӣ) аст.

- Дар асоси аризаи якҷояи зану шавҳар: ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки ин ба 750 сомонӣ баробар аст. То ҳол ин маблағ 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (375 сомонӣ) аст.

- Дар асоси ҳалномаи додгоҳ: ба андозаи 14 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки ин ба 1050 сомонӣ баробар аст. То ҳол ин маблағ 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (525 сомонӣ) аст.

Лоиҳаи қонуни мазкурро ҳукумати кишвар рӯзи 29-уми май маъқул дониста барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон ирсол карда буд. Акнун лоиҳаро мебояд Маҷлиси миллӣ тасдиқ ва президенти Тоҷикистон имзо кунад. Пас аз нашри расмӣ ин тағйирот эътибор пайдо мекунад.

Бояд гуфт, ки моҳи декабри соли гузашта низ боҷи давлатӣ барои бекоркунии ақди никоҳ аз 72 то 108 сомонии қаблӣ то 500 сомонӣ баланд шуда буд. Он замон парлумони кишвар сабаби онро ба “коҳиш додани талоқ дар кишвар” гуфта буданд.

 

Тартиби гирифтани талоқ дар Тоҷикистон чӣ гуна аст?

Дар Тоҷикистон ду роҳи гирифтани талоқ ба таври қонунӣ муқаррар шудааст - қатъи никоҳ дар сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) ва бекор кардани ақди никоҳ ба тариқи додгоҳӣ.

Тибқи қонун “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” зану шавҳаре, ки дар муддати ақди никоҳи якҷоя фарзандони ноболиғ надоранд, тарафҳо розӣ ҳастанд ва нисбат ба ҳамдигар даъво надоранд, пас онҳо ба шӯъбаи САҲШ дар ҷои истиқоматашон аризаи якҷоя пешниҳод менамоянд. Баъди супоридани аризаи тарафҳо пас аз як моҳ ақди никоҳи онҳо бекор мешавад ва шаҳодатномаи бекор кардани ақди никоҳ низ супорида мешавад.

Агар яке аз тарафҳо розӣ набошанд, зану шавҳар дар натиҷаи зиндагии якҷоя фарзандони ноболиғ дошта бошанд ва ё инки тарафҳо нисбат ба хамдигар ягон даъво дошта бошанд, масалан дар масоили тақсими молу мулк никоҳи ин шахсон танҳо бо тартиби додгоҳӣ бекор карда мешавад.

Барои бекор кардани ақди никоҳ бояд тарафҳо ба додгоҳ ариза пешниҳод кунанд. Ба ариза нусхаи шиносномаи зану шавҳар, нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ ва расиди пардохти боҷи давлатӣ замима карда мешавад.

Акси марбут
Акс аз аз nova24.uz

 

Никоҳ дар кадом ҳолат қатъ мегардад?

Ақди никоҳ дар САҲШ аз рӯзи бақайдгирии бекор кардани ақди никоҳ қатъ мегардад. Агар никоҳ тариқи додгоҳ бекор карда шавад, аз лаҳзаи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи додгоҳ, никоҳ қатъ мегардад.

Дар ҳолате, ки агар зану шавҳар фарзандони ноболиғ дошта бошанд, новобаста аз розигии онҳо барои бекор кардани ақди никоҳ, додгоҳ барои оштӣ додани онҳо тадбирҳо меандешад. Додгоҳ метавонад баррасии парвандаро мавқуф гузошта, ба зану шавҳар барои оштишавӣ то шаш моҳ мӯҳлат диҳад.

 

Мавзӯи доғ дар Тоҷикистон

Аз ҳам пошидани оилаҳо дар Тоҷикистон чандин сол боз яке аз мавзӯъҳои доғ дар ҷомеа маҳсуб мешавад. Ҳамасола дар кишвар каму беш аз 10 ҳазор оила аз ҳам талоқ мегиранд. Дар соли 2024 ҳам беш аз 9 ҳазор ақди никоҳ бекор шудааст.

Мақомоти масъул ҳарчанд мегӯянд, ки омори талоқ сол то сол дар кишвар кам мешавад, вале он ҳоло ҳам нигаронкунанда аст. Соли гузашта, Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи кишвар дар ин робита гуфта буд, ки “ҳоло ҳам аз шумори талоқҳо қаноатбахш нестем”.

Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила чанде пеш омили асосии зиёд будани  талоқ дар кишварро ба издивоҷи бармаҳал ва омода набудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона рабт дода буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.