Шокирҷон Қаробоев, сардори ҳамакнун пешини Идораи замин дар ноҳияи Шаҳристон бо иттиҳоми “ғайриқонуни додани қитъаи замин” гунаҳкор ва бо ҳукми додгоҳ бо пардохти 70 ҳазор сомонӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шудааст.
Хабари боздошт ва оғоз шудани парванда нисбати ӯ тобистони соли гузашта расонаӣ шуд. Вале худаш дар як сӯҳбати кутоҳи телефонӣ ба “Азия-Плюс” боз гардидани парванда нисбаташро рад карда, онро “хато ва туҳмат” гуфта буд.
Рабим Ғафурзода, раиси ноҳияи Шаҳристон рӯзи 27-уми январ зимни нишасти матбоутӣ гуфт, Шокирҷон Қаробоев тобистони соли 2025 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт шуд ва нисбаташ барои ғайриқонуни додани қитъаи замин (моддаи 338 (1) Кодекси ҷиноии Тоҷикистон) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда буд.

Ба иттилои Ғафурзода, сардори пешини Идораи замини Шаҳристонро зинаи поёнии додгоҳ 5 сол аз озодӣ маҳрум кард. Вале Шокирзода ба зинаҳои болоӣ шикоят бурд ва тибқи ҳукми зинаи болоии додгоҳ, ӯ бо пардохти ҷарима ба озодӣ баромад.
“Мо шунидем ки суд 70 ҳазор сомонӣ ҷарима таъин кардааст, вале нусхаи ҳукм дастраси мо нашуд ва дақиқан намедонем, ки Шокирзода чӣ миқдор ҷарима пардохтааст. Ҳоло дар озодӣ ва бо соҳибкорӣ машғул аст”- зикр кард Рабим Ғафурзода.
Қаблан, Тоҳирҷон Толибзода, сардори идораи замин дар вилояти Суғд гуфта буд, ки сардори идораи замин дар ноҳияи Шаҳристон ва як масъули идораи замин дар ноҳияи Деваштич даст ба ҷиноят задаанд. Аммо ӯ мушаххас нагуфт абуд, ки ин ду корманд чӣ ҷиноят содир кардаанд.
Вале он замон худи Шокирҷон Қаробоев, зимни як тамоси кӯтоҳи телефонӣ гуфта буд, ки “хато ва туҳмат карданд”. Аммо нагуфт, ки чӣ хато шудааст ва кӣ тӯҳмат кардааст.
Сафар Салимзода, сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд, дар нишасти нимсолаи соли 2025 гуфта буд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ, 11 корманди идораҳои замин дар шаҳру навоҳии вилоят 10 ҷиноят содир шудааст.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста