Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки қаблан мақомот дар бораи тасарруфи 961 млн сомонӣ аз сӯйи ӯ, хабар дода буданд, барои баррасӣ ба додгоҳ ворид нашудааст.
“Парвандааш дар суд вуҷуд надорад”, - гуфт Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олӣ.
Ҳамин тавр, маълум нест, парвандаи Исматулло Абдуллозода, ки қаблан Оҷонсии зиддифасод дар бораи боз шудани он хабар дода буд, дар кадом марҳила қарор дорад.
Дар нишасти матбуотии пешин Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонсии зиддифасод гуфта буд, ки Исматулло Абдуллозода, раиси пешини Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва чандеи дигар, аз ҷумла зердастони собиқаш ба тасарруфи 1 млрд 245 млн сомонӣ маблағи фурудгоҳ тавассути “ширкатҳои якрӯза” гумонбар мешаванд. Танҳо худи Абдуллозода ба тасарруфи 961 млн сомонӣ ё муодили 100 млн доллар гумонбар мешуд.
Ӯ зикр карда буд, ки дар доираи ин парванда дар маҷмуъ, нисбати 22 нафар парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, нисбати онҳо бо моддаи 245 қисми 4 банди б (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон) ва 340 қисми 2 бандҳои а, б (сохтакории такрории ҳуҷҷатҳотакрорӣ бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гурӯҳи одамон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст ва тафтиши пешакии парванда идома дорад.
Баъдтар Оҷонсии зиддифасод дар ҷавоб ба мактуби “Азия-Плюс” навишт, ки чораи ҳабси пешакии Абдуллозода тағйир дода шуд, як қисми маблағҳои зарарҳои молиявии ба зиммаи ӯ ошкоргардида барқарор карда шудааст. Ин ниҳод нагуфт, ки Абдуллозода чӣ қадар зарарро барқарор кардааст, аммо таъкид карда буд, ки ҳоло тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.

Имрӯз Рустам Мирзозода гуфт, дар доираи ин қазия Додгоҳи шаҳри Душанбе парвандаи 14 муттаҳамро баррасӣ кардааст. Миёни онҳо танҳо 5 корманди фурудгоҳи Душанбе будааст.
“Нисбати 14 нафар бинобар пурра пардохт кардани зарари ба давлат расонидашуда дар ҳаҷми 217 млн 147 ҳазору 148 сомонӣ, тибқи талаботи моддаи 49-и Кодекси ҷиноятӣ ҷазои ғайриҳабсӣ, яъне ҷарима таъин карда шуд”, - гуфт Мирзозода.
Раиси Додгоҳи олӣ аз онҳо ном набурд ва гуфт, ки ҷарима нисбати ҳар шахс дар алоҳидагӣ таъин шудааст. Ин банди қонунгузорӣ ҷаримаҳо дар ҳаҷми гуногунро пешбинӣ мекунад.
Ёдрас мешавем, ки моҳи майи соли гузашта Исматулло Абдуллозода ҳамроҳи муовинонаш бо сабаби “ошкор шудани камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияташон зимни санҷиши молиявӣ” аз вазифа озод шуданд.
Дар хусуси ин парванда бештар дар ин пайванд мутолиа кунед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста