Дар анҷумани навбатии Ҳизби аграрии Тоҷикистон, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда, 26-уми ноябр баргузор шуд, намояндаи мардумӣ дар палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, акдемики Академияи кишоварзӣ Амир Қарақулов дубора раиси ҳизби мазкур ва муовини аввали ӯ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлис Олии ҶТ Рустам Латифов интихоб шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳизби мазкур хабар доданд, дар анҷуман ҳамчунин аз фаъолияти ҳизб тайи ду соли ахир натиҷагирӣ шуда, ҳадафҳову вазифаҳои ҳизб барои се соли оянда муайян карда шуданд.

Ёдрас мекунем, ки Ҳизби аграрии Тоҷикистон соли 2005 таъсис ёфт. Шумори аъзои ҳизб ҳудуди 30 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар палатаи поёнии парлумони кишвар ҳизб ду нафар намоянда дорад.