Дар ҷаласаи нахустини иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ пас аз таътил вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар пешниҳоди ҳукумат дар бораи ба Кодекси гражданӣ ворид кардани масъулият барои «туҳмат» ва «таҳқир»-ро якдилона дастгирӣ карданд.
Зимни суханронӣ дар робита ба ин масъала вазири адлияи ҷумҳурӣ Рустам Менглиев изҳор кард, ки қаблан бо пешниҳоди сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон моддаҳои 135 (туҳмат) ва 136 (таҳқир) бекор шуда, аз Кодекси ҷиноии Тоҷикистон хориҷ карда шуданд.
«Масоили марбут ба роҳ додан ба тӯхмату таҳқир дар доираи Кодекси граждании ҶТ баррасӣ гардида, ҷазо дар шакли инкор ё ҷуброни молӣ барои хисороти маънавиро ҷабрдида дар аризаи даъвогии худ муайян мекунад», - гуфт вазир.
Қаблан тибқи моддаи «туҳмат» аз се то панҷ ва моддаи «таҳқир» то ду соли зиндон пешбинӣ гардида буд.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста