Зимни сафари корӣ ба водии Рашт президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо собиқ қумондони нерӯҳои мухолифин ва собиқ сардори Раёсати минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккили гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт Мирзохӯҷа Аҳмадов мулоқот кард.
Тавре яке аз наздикони М.Аҳмадов хабар дод, ин вохӯрӣ дар деҳаи Белгии ҷамоати Қалъанак, макони иқомати оилаи Аҳмадов доир гардида, зимни вохӯрии кӯтоҳмуддат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии Аҳмадов, ки асосан ба парвариши картошка машғул аст аз назик ошно гардид.
Бино ба иттилои хадамаоти матбуоти сарвари давлат, хоҷагии деҳқонии Аҳмадовҳо дорои 3 гектар замин буда, имсол дар як гектари он кишти картошка ва қитъаҳои дигар боғи нав бунёд намудаанд. Деҳқонони хоҷагӣ азм доранд, ки аз кишти картошка зиёда 400 сентнер ҳосил ба даст биёранд. Сарвари давлат аз М.Аҳмадов даъват кард, ки ба мактаб-интернат барои ятимони ҷамоати Навободи ноҳияи Рашт бо ҷудо кардани 2 тонна картошка кӯмак кунад.
«Мо умедворем, ки ин вохӯрӣ як фоли нек буда, ба муносибатҳои минбаъдаи боэътимоди ҳукуматдорон нисбати мо мусоидат хоҳад кард», - гуфт дар ин робита яке аз наздикони Мирзохӯҷа Аҳмадов.
Ёдрас мекунем, ки сафари қаблии Эмомалӣ Раҳмон ба водии Рашт тирамоҳи соли 2010, пас аз ташаннуҷи вазъ дар ин минтақа баргузор шуда буд.
Он замон мақомоти қудратӣ дар қатори дигарон ба амалҳои ғайриқонунӣ собиқ қумондонҳои иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик Шоҳ Искандаров ва Мирзохӯҷа Аҳмадовро низ гунаҳкор карда буданд. Аммо баъдтар онҳо дар ҳамдастӣ бо нерӯҳои ҳукуматӣ дар амалиёти низомӣ алайҳи гурӯҳи Мулло Абдулло ширкат варзиданд. Баъди анҷоми амалиёти низомӣ Ш.Искандаров муовини сардори РВКД дар минтақаи Рашт ва баъдтар М.Аҳмадов сармушовири баталйони зудамали Вазорати мудофиа таъин гардиданд
Қобили зикр аст, ки сафари кунунии президенти Тоҷикистон пас аз ҳодисаи қатли пурсарусадои директори комбинати ангишти «Назарайлоқ» Нуриддин Темиров аввали моҳи сентябр сурат гирифт.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста