Қирғизистон ба ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ дар робита ба муташанниҷ шудани вазъ дар Украина ҳамфикр аст.
Дар иттилоияи Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар дар ин робита зикр мегардад, ки Қирғизистон ҳама гуна амали ба муташшаниҷ шудани вазъ дар Украина равонашударо маҳкум мекунад ва аз ин рӯ, изҳороти Виктор Янукович аз 11-уми марти соли равонро номуносиб ва бемавқеъ мешуморад.
«Сарчашмаи ягонаи ҳокимият дар ҳама гуна кишвар халқ аст. Президенте, ки комилан эътимоди мардум ва амалан ваколатҳои худро аз даст додаву гузашта аз ин, аз кишвари худ фирор намудааст, қонунӣ буда наметавонад», - баён мегардад дар иттилоия.
Гуфта мешавад, маҳз бемулоҳизагӣ ва ба фасод ғӯтавар шудани собиқ ҳукуматдорони Украина ба буҳрони имрӯза ва қурбонии даҳҳо афроди бегуноҳ боис шуданд. «Қирғизистон ҷонибдори ҳарчи зудтар ба эътидол овардани вазъ дар Украина тариқи роҳҳои осоишта, гуфтушунид ва муколама бо риояи ҳатмии меъёрҳои ҳуқуқи байнулмилалӣ ва Оинномаи СММ мебошад», - зикр мегардад дар иттилоияи ВКХ Қирғизистон.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста