Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷидин Аслов дар даври якуми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, таҳти унвони “Дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорати мутақобила ва сармоягузорӣ” дар таърихи 13 майи соли 2014 дар Риёз, ки бо пуштибонии Ҳукумати Подшоҳии Арабистони Саудӣ баргузор гардид, иштирок намуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар Форуми мазкур вазирони корҳои хориҷӣ, иқтисод ва молияи кишварҳои араб ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Узбекистон, инчунин Ҷумҳурии Озарбойҷон иштирок доштанд.
Ба иттилои манбаъ, дар Форум масъалаҳои вобаста ба густариши муносибатҳои иқтисодӣ ва шарикӣ, мусоидат ба беҳбуд ва рушд, таҳкими сулҳ ва оромиш мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Нишаст дар фазои озод ва ҳамкорӣ гузашт.
Гуфта мешавад, аз натиҷаи Форум Эъломияи нишасти аввали Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон қабул гардида, Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Лигаи кишварҳои араб ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ба имзо расид.
Зимнан зикр мегардад, ки дар ҳошияи Форум мулоқотҳои Вазири корҳои хориҷии кишвар бо Дабири кулли Лигаи кишварҳои араб Набил ал-Арабӣ ва вазирони корҳои хориҷии як қатор давлатҳои араб баргузор гардиданд.



ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста