Дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамоиши Машварати ҳамгироӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба кори худ оғоз намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, барои иштирок дар ин ҳамоиш сарони 11 давлати қитъаи Осиё, роҳбарони 10 созмони байналмилалӣ, аз ҷумла Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва ҳайатҳои сершумор аз давлатҳои дигари аъзо ва нозири ин созмон ташриф овардаанд.
Хотиррасон бояд намуд, ки Машварати ҳамгироӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё чун созмони минтақавӣ соли 1992 таъсис ёфта, то имрӯз 24 кишвари аъзо ва 13 нозир дорад.
Баррасии масоили амният ва ҳамкорӣ дар қитъаи Осиё ва саҳмгузорӣ дар ҷараёнҳои ҷаҳонии мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ аз ҳадафҳои асосии ин ҳамоиш аст.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз рушди бонизому босуръати аксари кишварҳои Осиё таъкид дошт: “ин қитъа метавонад ва бояд дар бунёди Осиёи шукуфон ва бехатар ҷаҳиши бузург амалӣ намояд”.
“Тоҷикистон омода аст, дар ин раванд саҳми намоёни худро гузорад”, - изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста