Нимаи дуюми рӯзи 24 март дар Истамбул намоиши эътирозии ҷонибдорони созмони фаъолитяташ дар қаламрави Тоҷикистон манъшудаи «Гурӯҳи 24» доир гардид. Бино ба гуфтаи пешвои нави гурӯҳ Шарофиддин Гадоев, дар намоише, ки назди консулгарии генералии Тоҷикистион дар Истамбул баргузор шуд, беш аз 100 нафар гирдиҳам омадаанд.
Иштирокчиёни гирдиҳамоӣ бо худ аскҳои бузурги пешвои кушташудаи «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов, ҳамчунин соҳибкор Зайд Саидов ва адвокат Шуҳрат Қудратовро бо худ доштанд, тайи солҳои ахир дар Тоҷикистон маҳкум шуданд. Аз ҷониби гирдиҳамомадагон шиору даъватҳои гуногун алайҳи ҳукуматдорони вақти Тоҷикистон, аз ҷумла президенти кишвар садо доданд.
Ба гуфтаи Гадоев, намоиш муддати 2 соат идома ёфта, ҳеҷ яке аз кормандони консулгарии Тоҷикистон назди онҳо набаромадааст. «То ҷое, ки мо огаҳӣ дорем, консул ва дигар кормандони консулгарӣ ҳанӯз то соати 11 биноро тарк гуфта, дигар ба ҷойҳои кори худ то ҳоло ҳозир нашудаанд», - гуфтааст пешвои тозаинтихоби «Гурӯҳи 24».
Ёдрас мекунем, ки қаблан Сулаймон Қаюмов, гумонбаршуда дар куштори Умаралӣ Қувватов изҳор дошт , ки ӯ аз дасти муҳофизаш кушта шудааст. Ба навиштаи нашриёти туркии Hurriyet , гумонбари асосӣ дар куштори Умаралӣ Қувватов дар баёноти иборат аз 12 саҳифаи худ дар ин бора маълумот дод.
Умаралӣ Қувватов рӯзи 5 март дар Туркия кушта шуда, ҷасади ӯ рӯзи 9 март дар ин кишвар ба хок супурда шуд. Маросими ҷанозаи Қувватов дар ҳамон масҷиде, ки муддате ӯ бо аҳли оилааш дар он иқомат дошт, баргузор гардид.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста