Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 12 октябр котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷии Муғулистон Дамба Ганхуягро, ки барои иштирок дар нахустин машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Муғулистон дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар рафти суҳбат масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Муғулистон дар заминаи татбиқи мувофиқатҳое, ки қаблан дар натиҷаи мулоқоти роҳбарони ду кишвар моҳи сентябри соли 2014 дар Душанбе ҳосил шуданд, мавриди табодули назар қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои таҳкими пояи шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар арсаҳои мухталиф баррасӣ намуданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳамин рӯз дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии ҶТ Низомиддин Зоҳидӣ ва котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷии Муғулистон Дамба Ганхуяг нахустин машваратҳои сиёсии ду кишвар баргузор шуданд.
Гуфта мешавад, дар рафти машваратҳо табодули назари судманд роҷеъ ба ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, кишоварзӣ, саноатӣ, илмию фарҳангӣ ва консулӣ сурат гирифт. Роҳҳои татбиқи амалии мувофиқатҳое, ки аз натиҷаи музокироти сатҳи олӣ моҳи сентябри соли 2014 дар Душанбе бармеояд, баррасӣ ва тарҳрезӣ карда шуданд.
Ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои судманд дар ҳамаи самтҳое, ки ба тавсеаи минбаъдаи робитаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба мусоидат хоҳанд кард, омодагии худро изҳор намуданд.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста